Абай
қаз.: Абай Құнанбайұлы | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | қаз.: Ибраһим Құнанбайұлы |
Таърихи таваллуд: | 29 июл (10 август) 1845[1][2] ё 10 август 1845[3][2] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 23 июн (6 июл) 1904[1] (58 сол) ё 6 июл 1904[3][2] (58 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | русӣ[4] ва қазоқӣ[4] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Аба́й (Иброҳи́м) Қунанбоев (қаз.: Абай Құнанбайұлы ; 29 июл (10 август) 1845, Жидебай, уезди Семипалатинск, Империяи Русия — 23 июн (6 июл)-и 1904, ҳамон ҷо) — шоир, нависанда, ходими ҷамъиятии қазоқ, асосгузори адабиёти хаттии қазоқ ва нахустин классики он.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз оилаи ашрофи сарватманди қазоқ. Дар оила ӯро «Абай» ном мебурданд, ки маънояш «ҳушёр», «зирак» мебошад. Маълумоти ибтидоиро дархонавода ва аз муаллимони хусусӣ гирифтааст. Дар тарбияи маънавии ӯ нақши модаркалонаш Зарра хеле калон буд. Абай аз ӯ шеърҳову достонҳои мардуми қазоқро омӯхт ва ҳазорҳо мисраъ азёд кард. Дар мадрасаи Имом Аҳмад Ризои Семипалатинск ва мактаби русӣ таҳсил кардааст. Абай дар Мадраса Қуръон, улуми динӣ, назми форс-тоҷик, арабӣ,туркироомӯхт, бо осори Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Низомии Ганҷавӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Алишери Навоӣ шинос шуд. Абай зулму тааддиеро, ки аз ҷониби феодалон ба сари мардуми қашшоку бенаво меомад, мушоҳида мекард ва чун шахси адолатхоҳ доимо дар кӯшиши ҳимояву дастгирии онҳо буд. Дар синни 28-солагӣ ба тариқи худомӯзӣниддан ба омӯзиши забони русӣ машғул шуд. Донистани забони русӣ барон шинос гардидани ӯ бо осори Гёте, Байрон, Дарвин ва дигарон мусоидат намуд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷодиёти Абай чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанақии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай пеш аз ҳама оқини қазоқ буд; достонҳои ҳамосии қазоқро дар ҷамъомадҳо ба мардум нақл мекард ва ё бо навои мусиқӣ месароид. Абай донандаи шеъру адаби Шарқ, аз ҷумла адабиёти форс-тоҷик буд. Вай арӯзро дар шеъри қазоқӣ татбиқ намуд ва шеърҳои ғазалмонанд, ба шаклҳои гуногун (шашмисраӣ – мусаддас, ҳаштмисраӣ – мусамман) эҷод кард. Умуман Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ кард. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.
Дар достони «Искандар», ки ба асарҳои Низомиву Ҷомӣ ва Навоӣ ҳамоҳангӣ дорад, шоир горатгариҳои Искандари Мақдуниро маҳкум карда, дар симои Арасту хиради инсонро ситоиш кардааст. Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Кара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои – «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ ошкоро аён аст. Абай баъзе масалҳои И. А. Крилов, шеърҳои М. Ю. Лермонтов, порчаҳои достони А. С. Пушкин «Евгений Онегин»-ро аз русӣ ба қазоқӣ тарҷума кардааст. Ҷараёни зиндагии Абай дар романи нависандаи қазоқ, академик М. Авезов «Абай» тасвир ёфтааст. Бо сарварии ҳамин нависанда «Куллиёт»-и Абай дар ду ҷилд ба табъ расидааст (1957; 1977).
Дар маҷмӯае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» (Теҳрон, 1374/1996) зиёда аз 10 100 шеъри Абай дар баргардони Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хатти форсӣ ҷой дода шудаанд. Осори мансури Абай бо номи «Панднома» (мутарҷим Фатҳуллоҳи Азиз) солҳои 2002 ва 2010 дар Душанбе ба табъ расидаанд. Дар Қазоқистон Бунёди байналмилалии Абай таъсис ёфтааст. Дар вилояти Қараганда шаҳре ва дар Душанбе кӯчае ба номи Абай мавҷуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Педагоги и психологи мира (рус.) — 2012.
- ↑ 3.0 3.1 http://www.enciklopedija.hr/Natuknica.aspx?ID=31
- ↑ 4.0 4.1 Чешская национальная авторитетная база данных
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абай // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.