Jump to content

Абдии Гунободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдии Гунободӣ
Зодгоҳ: Гунобод
Таърихи даргузашт: 1562(1562)
Маҳалли даргузашт: Балх
Навъи фаъолият: шоир

Абди́и Гунободӣ (? — 1562/64, Балх) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш Гунободи Хуросон таҳсили мадраса кард ва сипас ба Ҳирот рафта, дар муҳити адабии он ҷо ба камол расид. Хоҷа Ҳасани Нисорӣ дар тазкирааш «Музаккир-ул-аҳбоб» аз шавқу рағбати Абдии Гунободӣ ба омӯзиши илм ва шеъргӯӣ иттилоъ додааст. Мувофиқи иттилои ҳамин асар ва манбаъҳои дигар Абдии Гунободӣ дар сурудани ғазал ва маснавӣ маҳорати зиёде доштааст, вале маснавиҳояш то кунун дастрас нагаштаанд. Дар тазкираҳову баёзҳо аз ашъори Абдии Гунободӣ намунаҳо оварда шудаанд. Абдии Гунободӣ дар шеърҳояш аз вазъи замон шикоят кардааст, ишқу ошиқӣ, табиату зебоиҳои онро тараннум намудааст, андешаҳои андарзӣ иброз доштааст. Ба забони ӯзбекӣ низ шеър мегуфтааст.

Ин абёт намунае аз шеъри ӯст:
Замона шуму нокасу бенаво, Абдӣ,
Ғариқи хуни ситаму пурнаво, Абдӣ.
Умедворам, ки рӯзи нек меояд,
Ба савти халқ мешавад ҳамнаво, Абдӣ.