Jump to content

Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф
Таърихи таваллуд 1461(1461)
Зодгоҳ Оббурдон, ноҳияи Кӯҳистони Масчо
Таърихи даргузашт 1542(1542)
Маҳалли даргузашт Оббурдон, ноҳияи Кӯҳистони Масчо

Абдувалӣ ибни Қозӣ Юсуф (1461, Оббурдон, ноҳияи Кӯҳистони Масчо — 1542, ҳамон ҷо) — хаттот ва катибанависи тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдувалӣ шахси фозилу донишманд ва чанд муддат қозӣ ҳам будааст, вале бештар ҳамчун кандакори рӯи санг машҳур гардидааст. Дар катибаи санги рӯи қабраш ӯро чунин тавсиф кардаанд: «ҳокими шаръӣ, мақбули мулук ва салотин, имомулҳумом, сайидулҳукком, афзулулайём, мураббиюлфуқаро, муқаввиуззафо» ва ғайра.

Нахустин катибаҳои рӯисангии Абдувалӣ ба солҳои 1496 — 99 мутаалиқ буда, аз деҳоти Похут ва Шаватки ноҳияи Айнӣ ба даст омадаанд. Матни ин катибаҳо аксар мазмуни ахлоқӣ ва тарбиявӣ доранд. Масалан матни катибаи санги байни деҳоти Шамтич ва Оббурдан:

Эй солики ин роҳ, назар бо мо кун,
Аз фикри замона хотири худ во кун.
Хоҳӣ, ки ба айш бигзаронӣ ҳама умр,
Зулмат макуну хеш ба дилҳо ҷо кун.

Катибаҳои ёдгормонда

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Абдувалӣ катибаҳои бисёре ба ёдгор мондаанд, ки беш аз 20-тои онҳо дар захираи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардушиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ (таҳти рақамҳои 1, 5, 15, 49, 52, 70, 85, 95, 96, 129, 131, 147, 148, 166, 185 ва ғайра) маҳфузанд.