Jump to content

Абдукарим Қурбонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдукарим Раҳимович Қурбонов
Таърихи таваллуд 11 май 1974(1974-05-11) (50 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ваҳдат, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисод
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Абдукарим Рахимович Қурбонов (тав. 11.05.1974, ноҳияи Ваҳдат) — олим, иқтисоддон, номзади илмҳои иқтисод, дотсент

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдукарим Қурбонов 11 майи соли 1974 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1996 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон-ро бо ихтисоси муҳосиб-иқтисоддон хатм намудааст. Баъди хатми донишкада дар вазифаҳои ассистент, муаллими калони кафедраи молия ва қарзи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.

  • Соли 2007 Қурбонов А.Р. рисолаи номзадиро бомуваффақият дифо намудааст.
  • Соли 2008 ба ҳайси мудири кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба кор қабул шудааст.
  • Соли 2011 ба вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.
  • Аз соли 2013 вазифаи декани факултети фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иҷро мекунад.