Jump to content

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз ҶШС Тоҷикистон)
'Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
'
Парчам Нишон
Шиор: «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!»
Суруди миллӣ: «Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон!»
Рӯзи истиқлолият
Забони расмӣ Забони русӣ( аз 22 июни соли 1989 забони тоҷикӣ)
Пойтахт Душанбе (аз соли 1929 то соли 1961 Сталинобод ном дошт)
Шаҳри калонтарин Душанбе, Ленинобад (ҳозира Хуҷанд) , Қурған-Теппа (ҳозира Бохтар) , Кӯлоб, Ӯро-теппа (ҳозира Истаравшан)
Идораи давлат Советӣ ҷумҳурӣ
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
93-ум ҷой дар ҷaҳон
143,1 ҳаз км²
0,3 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ ((соли 1989))
  • Зичӣ
93-ум ҷой дар ҷaҳон
5108576
- нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (-)
  • Ба сари аҳолӣ
--ум ҷой дар ҷaҳон
- $
- $
Пули миллӣ рубли ИҶШС
Интернет-Домен .su
Коди телефон +377
Соат UTC +5
Имрӯз қисми {{{Имрӯз}}}

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, имлои қаблӣ Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон (русӣ: Таджикская Советская Социалистическая Республика) — ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати ИҶШС аз соли 1929, баъд аз тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ то рӯзи эълон намудани соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991.

ҶМШС Тоҷикистон
Округи Хуҷанд (бо ранги сурх)

14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъйиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятҳои Қаротегин (Ғарм ва Дарвозу Ванҷ), Кулоб, Қурғонтеппа, Ҳисор, ноҳияи Панҷакент (ва Фалғар - ноҳияи Айнӣ), Ӯротеппа - ноҳияи Истаравшан (ва Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. 4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба ҶШС Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.

15 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Анҷумани фавқулодаи 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон, ки барои муҳокимаи масъалаи азнавташкилдиҳии ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шуда буд, ба кори худ оғоз кард. Анҷуман дар бинои «Хонаи колхозчӣ» (собиқ театри ба номи Маяковский) баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми кори анҷуман, 16 октябри соли 1929 Эъломияи дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шуд.[1] 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Курғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор, ки дорои 1 миллиону 220 ҳазор нафар ахолӣ буданд, ташкил ёфт.

Вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон дар соли 1944
Вилоятҳои ҶШС Тоҷикистон дар соли 1940

Ҷумхуриҳои навташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд. Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, ичунин тоҷикон ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд. Қисми мардуми кишвар Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Моликияти хусусӣ барҳам дода шуда ҳамаи молу амвол, замин, боигариҳои зеризаминӣ ва обӣ давлатӣ гардид.

Аз мамлкати кишоварзӣ ба саноатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ (индустриякунонӣ) гузошта шуд. Нақшаи панҷсолаи аввали Иттиҳоди Шӯравӣ, ки солҳои 1928-1932-ро фаро гирифт, тарҳи табдил ёфтани кишвар аз мамлкати кишоварзӣ ба саноатиро муқаррар кард. Тоҷикистон дар ҳамин давра ҳамчун ҷумҳурии Шӯравӣ тавлид ёфт ва чун чузви Иттиҳоди Шӯравӣ бар пиёдасозии ин барнома пардохт. Муҳимтарин самти бунёди саноат дар Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои 30-ум бунёди роҳҳо ба шумор мерафт. Зеро ҳатто пойтахти ҷумҳурӣ роҳи оҳан надошт. Беҳуда нест, ки дар соли нахустини панҷсола роҳи оҳани Тирмиз-Душанбе ба анҷом расид ва аввалин қатора дар поизи соли 1929 ба пойтахти Тоҷикистон расида, соли 1930 масири он то Янгибозор (Ваҳдат) идома ёфт. Дар ҳамин давра роҳи камбари Душанбе-Қурғонтеппа сохта шуд. Бунёди роҳҳои дигари мошингард низ ба нақша гирифта шуд. Роҳҳои мошингарди Душанбе-Кӯлоб тавассути Қурғонтеппа бунёд ва роҳи Ош-Хоруғ низ сохта шуд. Соли 1932 хатти ҳавоӣ миёни Душанбе ва Тошканд, инчунин иртиботи ҳавоӣ бо Хоруғ, Кӯлоб, Ғарм ва Тирмиз низ роҳандозӣ гашт. Ҳамин тавр, бунёди Тоҷикистони якпорчаву ба ҳам пайваста маҳз дар ҳамин давраи муҳими таърихӣ гузошта шуд ва корҳои баъдӣ замимаи ин нақшаҳои бузург буданд. [2] Аз вижагиҳои дигари таърихи саноатишавии Тоҷикистони Шӯравӣ он буд, ки дар қисматҳои Тоҷикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ тақрибан саноате вуҷуд надошт. Танҳо дар баъзе аз гӯшаҳои Тоҷикистони Шимолӣ (Хуҷанд, Конибодом ва Исфара) корхонаҳои хурд фаъолият мекард, ки иқтидори зиёд надоштанд. Вижагии дигари саноатисозӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба санъати сабук ва ғизоӣ буд. Чун ҳанӯз манобеъи ин кишвар ба таври густурда таҳқиқ нашуда, синфи коргар низ дар ҳудуди Тоҷикистон камтар ташаккул ёфта буд. Инчунин Ҳукумати Шӯравӣ арзон тамом шудани корхонаро низ яке аз шартҳои раванди саноатишавӣ мақаррар карда буд. Дар солҳои панҷсолаи якум асосан осиёбҳои обу биринҷ, корхонҳои шаробпазӣ, коркарди абрешиму чарм, собунпазӣ ва равғанкашӣ, полиграфӣ, хиштсозӣ ва чанд нерӯгоҳи хурди барқӣ сохта шуд. Корхонаҳои нисбатан бузурги Тоҷикистон ки дар панҷсолаи аввал бунёд гаштанд, кони Шӯроб, шабакаи гармидиҳии Душанбе, 14 истгоҳи барқӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон, корхонаҳои абрешими Душанбе ва Хуҷанд ба шумор меомаданд. Дар ҳамин замон корхонаҳи коркарди пахта дар Душанбе, Қурғонтеппа, Саройкамар, Кӯлоб ва Фархор, корхонаҳои дигаре дар Конибодом, Уротеппа (Истаравшан), ва ғайра сохта шуд. Ҳамин тавр дар поёни панҷсола саҳми саноат дар иқтисоди ҷумҳурӣ аз 6 % дар соли 1929, ба 22 % дар соли 1932 расид, ки як дигаргунии мусбат дар ҳаёти кишвар буд. [3] Панҷсолаи дувум (1933-1937) барои саноати Тоҷикистон замони хубу пурборе буд. Сохтмони роҳҳои мошингард афзуд ва Душанбе тавассути Норак низ ба Кӯлоб васл шуд. То Обигарм низ роҳи мошингард сохта шуд. Аз самтҳои асосии рушди саноати Тоҷикистон то оғози ҷанги ҷаҳонии дувум саноати ғизоӣ буд. Корхонаҳои нонпазӣ, истеҳсоли шаробу орд, консерва, равғанкашӣ дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ бунёд гардид. Инчунин дар самти матбуоту нашр низ корҳое сомон ёфта, теъдоди типографияҳои ҷумҳурӣ ба 40 адад расид. Тамоми корхонаҳо ниёз ба барқ доштанд. Аммо дар оғоз асосан нерӯгоҳҳои дизелӣ дар Тоҷикистон фаъолият мекарданд. Аз нахустин неругоҳи обӣ-барқии Варзоб, ки дар соли 1937 ба истеҳсоли барқ шуруъ кард, то неругоҳи Помир ва неругоҳҳое, ки тавассути сӯзишворӣ фаъолият мекарданд, дар Душанбе, Хуҷанд, Исфара, Орҷоникидзеобод (Ваҳдат), Регар ва водии Вахш бунёд ёфтанд. Ин иншоот то соли 1940 ниёзи қисме аз корхонаҳои навбунёд ба неруи барқро таъмин мекард. Дар солҳои 1929-1940 истеҳсоли ангишт дар ҷумҳурӣ хеле зиёд шуд ва конҳое дар Фону Моғиёну Назарайлоқ ва Шӯроб баҳрабардорӣ шуданд. Ҳамчунон истеҳсоли нефт дар Тоҷикистони низ оғоз шуд, ки асосан дар Конибодому Исфараву Вахш истихроҷу коркард мегашт.Самти дигари саноат, ки дар ин давра рушд кард, маҳсулоти сохтмонӣ буд. Дар гӯшаву канори Тоҷикистон корхонаҳои истеҳсоли хишт ва дигар масолеҳи зарурӣ бунёд гардиданд. Дар асоси нақшаҳои дарозмуддат корхонаи сементи шаҳри Душанбе сохта шуд, ки беш аз 80 сол барои иқтисоди кишвар хидмат кард. Инчунин дар шаҳру минтақаҳои дигар корхонаҳои битум, гач ва ғайра бунёд ёфтанд. [4]

Дар деҳот коллективонии хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани хоҷагиҳои деҳқонони соҳибмулк гардид. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 % расид. Маъракаи «Ҳуҷум» («Озодшавии занон») ба партофтани либоси замони феодалӣ, фаранҷӣ ба анҷом расид. Дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ тағйироти ҷиддӣ ба амал омад, таҳсилоти ройгон, муассисаҳои таҳсилотии гуногун, маданӣ-маърифатӣ, илмӣ, санъат, матбуоту нашриёт ва диг. ба миён омада барои мардум дастрас шуданд.

Тоҷикистон тадриҷан ва комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (ИҶШС) гардид. Равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар нимаи дуюми асри XX ба табдил ёфтани ҷумҳурӣ ба кишварӣ сермиллат овард. Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъйин гардидани сарварони таҳҷойӣ ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ бо ашёи хом (барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг.) нигаронида шуда буд.

24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлоли Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд.

Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП)и коммунистони тундрав, 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд.

Солномаи таърихи ҶШC Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
Ному насаб Муддат
Мирзо Довуд Гусейнов солҳои 1930-1933
Григорий Бройдо солҳои 1933-1934
Сурен Шадунс солҳои 1934-1936
Ӯрунбой Ашӯров солҳои 1936-1937
Дмитрий Протопопов солҳои 1937-1946
Бобоҷон Ғафуров солҳои 1946-1956
Турсун Ӯлҷабоев солҳои 1956-1961
Ҷаббор Расулов солҳои 1961-1982
Раҳмон Набиев солҳои 1982-1985
Қаҳҳор Махкамов солҳои 1985-1991[6]

Обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Канали калони Фарғона
Мақолаи асосӣ: Канали калони Ҳисор

Дар соли 1986

  • Роҳҳои оҳан - 470 км
  • Роҳҳои мошингард - 13200 км (ҳамчунин роҳҳои мумфарш 11600 км)[7]
  1. Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих(пайванди дастнорас)
  2. www.asiaplustj.info/. Тарҳҳои нав дар кишвари куҳна. Раванди саноатӣ шудани Тоҷикистони Шӯравӣ(тоҷ.). Муаллиф: Сайфуллоҳи Муллоҷон, доктори илмҳои таърих (12 марти 2024). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.
  3. www.asiaplustj.info/. Тарҳҳои нав дар кишвари куҳна. Раванди саноатӣ шудани Тоҷикистони Шӯравӣ(тоҷ.). Муаллиф: Сайфуллоҳи Муллоҷон, доктори илмҳои таърих (12 марти 2024). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.
  4. www.asiaplustj.info/. Тарҳҳои нав дар кишвари куҳна. Раванди саноатӣ шудани Тоҷикистони Шӯравӣ(тоҷ.). Муаллиф: Сайфуллоҳи Муллоҷон, доктори илмҳои таърих (12 марти 2024). 10 Декабри 2024 санҷида шуд.
  5. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик./Мураттибон: Ҳотамов Н.Б., Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. – Д., 2010
  6. Ҳақикати таърих. Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон. – Д., 1990. – С. 175.
  7. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A2%D0%B0%D0%B4%D0%B6%D0%B8%D0%BA%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A1%D0%BE%D0%B2%D0%B5%D1%82%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A1%D0%BE%D1%86%D0%B8%D0%B0%D0%BB%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%B8%D1%87%D0%B5%D1%81%D0%BA%D0%B0%D1%8F_%D0%A0%D0%B5%D1%81%D0%BF%D1%83%D0%B1%D0%BB%D0%B8%D0%BA%D0%B0