Jump to content

Абдулазиз ибни Абдулваҳоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулазиз ибни Абдулваҳоб
Зодгоҳ: Кошон
Навъи фаъолият: мусаввир,хаттот

Абдулази́з ибни Абдулваҳоб (соли таваллуд ва вафот номаълум) — мусаввир ва хаттоти тоҷик (асри 16).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино ба маълумоти муаллифи китоби «Гулистони ҳунар» Қозӣ Аҳмад Абдулазиз аслан аз Кошон будааст. Маҳсули ҳунарашро ба шоҳ Таҳмосби Сафавӣ (ҳукмронӣ 1524 −76) бахшида, асосан дар китобхонаи ин шоҳ ба мусаввирӣ машғул будааст. Тибқи баъзе аз маълумотҳо шоҳ Таҳмосб Абдулазизро барои муҳри бардурӯғ сохтанаш ҷазо дода, гӯшу биниашро буридааст. Абдулазиз чун мусаввир ва минётуранигори боистеъдод сабку услуби Беҳзодро пайравӣ менамуд ва худро дар ин ҳунар аз ҷумлаи шогирдони ӯ медонистааст. Дар китобхонаи Топкапуи Туркия (албоми рақами 47930) яке аз минётураҳои Абдулазиз мавҷуд аст, ки дар он шоҳзода дар пироҳани сиёҳ ва чакмани сурх тасвир шудааст. Дар ин наққошии Абдулазиз таъсири сабки Беҳзод возеҳ ба назар мерасад.

Аз осори Абдулазиз минётураҳои «Шоҳ Таҳмосб», «Ҷамшед андар тахти хеш», «Завдок» (ҳар се дар Музейи миллии Париж) боқӣ мондаанд, ки барои омӯзиши сабки наққошӣ ва минётуранигории ӯ аҳамияти калон доранд. Минётураи машҳури ӯ «Султон дар қасри худ» (Музейи миллии Париж) басо нозуку табиӣ баромада, дорои таносуби устувори рангҳо ва банду басти мукаммал мебошанд. Абдулазиз дар ҳунари хаттотӣ низ муваффақ буда, навъҳои хати арабиро зебо менавиштааст.

  • Кази Ахмед, Трактат о каллиграфах и художниках, М.-Л., 1947;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1, Д., 1988;
  • Ашрафӣ М., Таджикская миниатюрасри Бухарская школа XVI—XVII вв., Д., 2011.