Абдулваҳҳоб Мирзо
Зоҳир
Зодгоҳ: | Бухоро |
---|---|
Навъи фаъолият: | хаттот |
Абдулваҳҳо́б Мирзо́ (соли таваллуд номаълум – вафот тақрибан байни 1860 – 70, шаҳри Китоб) — хаттоти тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Зодгоҳаш Бухоро. Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо Абдулваҳҳоб Мирзо бештар аз 100 асарро ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ бо хати шикаста ва настаълиқ китобат кардааст. Аз осори хаттотии Абдулваҳҳоб Мирзо то замони мо маснавиҳои Ҷалолуддини Румӣ ва «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозими Ҳиравӣ расидаанд. Ин асарҳо дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.