Jump to content

Абдулвосеъ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулвосеъ
Зодгоҳ: Хуросон
Навъи фаъолият: шоир

Абдулвосеъ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 15).

Дар вилояти Нури Хуросон ба дунё омада, дар ҳамин ҷо таҳсил ва касби камол кардааст. Дар тазкираҳои «Маҷолис-ун-нафоис», «Музаккир-ул-аҳбоб» Абдулвосеъ чун шоири хушбаёну тозафикр ва фозилу донишманд тавсиф шудааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд. Аз ин намунаҳо бармеояд, ки ӯ дар ашъораш зиндагиву ҳоли худро тасвир, баъзе норасоиҳои замонаро танқид ва ишқро тараннум намудааст. Абёти зерин намунае аз ашъори ӯянд:

Ҷаҳон бемадор асту беэътибор,
Маҷӯ эътиборе аз ин бемадор.
***
Забон зи сӯзи дарунам забонае бошад,
Шарораҳои вай аз ман нишонае бошад.
  • Алишер Навоӣ, Маҷолис-ун-нафоис, Тошкент, 1961.