Jump to content

Абдулкарими Бухороӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулкарими Бухороӣ
Таърихи таваллуд асри XVIII
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1830[1][2]
Маҳалли даргузашт
Пеша муаррих, гардишгар, сафир

Абдулкари́ми Бухороӣ (форсӣ: مير عبد الكريم بخارى‎; асри XVIII, Бухоро1830[1][2], Қустантиния) — таърихнигор, ҷуғрофиёдон ва сайёҳи тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Амир Ҳайдар Абдулкарими Бухороиро соли 1804 дар ҳайати намояндагону сафирон ба Русия фиристод. Ӯ дар шаҳрҳои Петербург, Москва ва Астрахан будааст. Соли 1807 чун саркотиб ба шаҳри Истамбули Туркия фиристода шуд. Дар Истамбул оиладор шуда, то охири умр ҳамон ҷо ҳаёт ба сар бурдааст.

Аз Абдулкарими Бухорои дар бораи таърихи Туркистону Афғонистон асаре бо номи «Таърихи қадимӣ» боқӣ мондааст. Ин асарро шарқшиноси франсавӣ Ш. Шефер «Таърихи Осиёи Марказӣ» ном гузошта, ба забони франсавӣ тарҷума ва дар Париж чоп кардааст.