Jump to content

Абдуллатифи Аббосӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллатифи Аббосӣ

Абдуллатиф ибни Абдуллоҳи Кабири Аббосии Яздии Гуҷаротӣ (форсӣ: عبداللطیف بن عبدالله کبیر عباسی یزدی گجراتی‎; ? — 1639) — луғатнавис ва адиби форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш касби камол намуда, сипас ба Ҳиндустон рафт ва дар он ҷо кору зиндагӣ кард. Дар ҷавонӣ аз маҳзари Муҳаммад Сӯфии Мозандаронӣ баҳра бурда ва бо ӯ дар истикбоб ва муқобилаи тазкираи «Бутхона» ҳамкорӣ доштааст. Аббосӣ ба ин асар, ки танҳо аз намунаҳои ашъор иборат буд, шарҳи ҳоли шоиронро афзудааст.

Аз ҷумлаи корҳои муътабар ва эътирофшудаи Абдуллатифи Яздӣ фарҳанги тафсириест бо номи «Латоифу-л-луғот». Ин асар фарҳанги тафсирии вожаҳои «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ мебошад. Тамоми калимаҳои «Маснавии маънавӣ» ба кадом забоне, ки тааллуқ дошта бошанд, дар ин асар ташреҳ шудаанд. Асарҳои дигари лексикографӣ, аз ҷумла «Латоиф-ул-ҳақоиқ», «Шарҳи Ҳадиқат-ул-ҳақиқа»-и Саноӣ ба қалами Абдуллатифи Яздӣ тааллуқ доранд.