Абдуллатифи Шуштарӣ
форсӣ: عبداللطیف شوشتری | |
Таърихи таваллуд | 15 август 1755 |
Зодгоҳ | Шуштар |
Таърихи даргузашт | 1806 |
Маҳалли даргузашт | Ҳайдаробод, Ҳиндустон |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | таърих |
Абдуллати́фи Шуштарӣ (форсӣ: عبداللطیف شوشتری; Абдуллатиф ибни Абутолиб ибни Нуриддин ибни Неъматуллоҳ ал-Ҳусайнӣ ал-Мусавӣ; 15 августи 1755, Шуштар, Эрон — 1806, Ҳайдаробод, Ҳиндустон) — сайёҳ ва муаррихи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуллатифи Шуштарӣ охири садаи XVIII ба мамолики Эрону Ироқ, Арабистону Ҳиндустон сафар карда, хотироташро дар асаре бо унвони «Туҳфату-л-олам» (1801— 802) нигоштааст. Китоб арзиши таърихӣ, географӣ, иқтисодӣ, мардумшиносӣ ва тарҷумаиҳолӣ дорад ва аз ду бахш иборат аст: дар бахши аввал доир ба таърихи бостону асрҳои миёнаи Шуштару Ҳиндустон маълумоти пурарзиш дода шудааст; бахши дуюм аз мушоҳидот ва хотираҳои Абдуллатифи Шуштарӣ дар пайвастагӣ бо таърих, масоили иҷтимоӣ-фарҳангии вилоёти ғарбии Эрон, Ироқ ва Арабистону Ҳинд иборат мебошад. Ин бахш ҳамчунин дар бораи вазъи сиёсии кишварҳои Шарқи Наздик ва Шарқи Миёна (нимаи дуюми садаи XVIII), ҷанги байни Эрону Россия (1779 — 97), ҳукмронии англисҳо дар Ҳиндустон, истилои Миср аз тарафи франсавиҳо (1798) ва оид ба таърих ва географияи садаи XVIII Англия, Россия ва Америка маълумоти пурарзиш медиҳад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуллатифи Шуштарӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.