Абдуллатифи Ҷомӣ
Зодгоҳ: | Ҷом |
---|---|
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | порсӣ, туркӣ |
Абдуллати́фи Ҷомӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик (асри 16).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Дар зодгоҳаш шаҳри Ҷом таҳсил намуда, ба камол расидааст. Аз авлоди Аҳмади Ҷомӣ буд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Абдуллатифи Ҷомӣ аз улуми мутадовили замон – адабиёт, фиқҳ, иншо, забони арабӣ ва ғайра баҳраманд гардида, дар муҳити худ шуҳрати зиёде доштааст. Барои такмили таҳсил ба кишварҳои Шарқ сафар карда, бо аҳли илму адаб ҳамсуҳбат шудааст. Дар як байташ мегӯяд:
- Дар сафар гаштану ин бесарусомонии мо,
- Баҳри ҷамъияти дилҳост парешонии мо.
Мувофиқи маълумоти тазкиранигори садаи XVI Хоҷа Ҳасани Нисории Бухороӣ («Музаккир-ул-аҳбоб») Абдуллатифи Ҷомӣ ба туркӣ низ шеър мегуфтааст. Абдуллатифи Ҷомӣ бо нигоштаҳои худ дар адабиёти тоҷики садаи XVI мақоми баланд дорад. Рубоии зерин аз ӯст:
- Хуршеди ҷамоли дӯст тобон шудааст,
- Олам зи фурӯғи ӯ гулистон шудааст.
- Ҳар зарра, ки дар кавну макон мебинӣ,
- Аз партави рӯи дӯст рахшон шудааст.
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2021, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.