Jump to content

Абдуллатифхон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллатифхон
ӯзбекӣ: Abdullatif
аз 1540
Тоҷгузорӣ 1540, Самарқанд
Пешгузашта Убайдуллохон
Ҷонишин Наврӯз Аҳмадхон

Таваллуд 1495(1495)
Даргузашт 1552(1552)
Самарқанд
Мадфан
Дудмон list of Uzbek khans[d]
Сулола Шайбониён
Падар Кучкунҷихон
Фарзандон Писарӣ: Абдоллсултон
Гадойхон
Фаъолият шеър

Абдуллати́фхон (ӯзбекӣ: Abdullatif; 14951552) — шашумин ҳокими ӯзбек[1] аз сулолаи Шайбониён дар хонигарии Бухоро. Ҳукмрониаш солҳои 15401552.

Дар Самарқанд баъди вафоти Абдуллоҳхони I Шайбонӣ (1539 – 40) ба тахт нишаст. Ҳамин вақт намояндаи дигари сулолаи Шайбониён Абдулазизхон (1540 – 49) дар Бухоро худро хон эълон кард. Дар натиҷа дар Мовароуннаҳр дуҳокимиятӣ рӯй дод. Абдуллатифхон соли 1551 ҳамроҳи ҳокими Тошкент Наврӯз Аҳмадхон ба муқобили ҳокими Кармина Искандархон лашкар кашид, вале дар корзор аз Абдуллоҳхони II (писари Искандархон) шикаст хӯрд. Аз давраи ҳукмронии Шайбониён дар Осиёи Миёна чанд ёдгории меъморие боқӣ мондааст, ки баъзеи онҳоро ба Абдуллатифхон нисбат медиҳанд. Яке аз онҳо Кӯкгунбази ӯротеппа аст.

  1. Б. В. Норик. Роль шибанидских правителей в литературной жизни Мавераннахра XVI в.. — Спб: Рахмат-намэ, 2008. — С. 242.
  • Мухторов А., Город Ура-Тюбе, дар маҷм. Археологи рассказывают, Сталинабад, 1959.
  • История Узбекистана. — 1993. — Т. 3.
  • История Узбекистана в источниках. / Сост. Б.В. Лунин.. — Ташкент, 1990.