Абдуллогӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Абдуллогӣ — навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ.

Дарахташ зудсабз (то 10 — 12 м қад мекашад), сербар, танааш ғафс (қутраш 120—130 см), навдаҳояш сурхтоб. Баргаш (ҳаҷмаш 45×36 мм) дилшакли нӯгтез, дандонадор, тӯр-тӯри сабз. Аввали апрел гул мекунад. Мевааш лӯнда (вазнаш 35 — 40 г), зарди норинҷӣ, пӯсташ ғафси пашмакдор, хамирак ва сергӯшт. Донакаш калон-калон (вазнаш 3,0 — 3,5г), паҳн; мағзаш пурра ва ширин. Баъди пухтан 14 — 15 % қанд ва 0,8 — 0,9 % туршӣ дорад. Ниҳолаш пас аз 3 — 4 соли шинонидан самар меорад (тақрибан 85 — 90 сол мева медиҳад). Аз дарахти 90-солааш 120 кг ҳосил ғундоштан мумкин аст. Ҳосилашро тар мехӯранд, хушконида ғӯлинг мекунанд. Ба сармо ва камобӣ тобовар аст. Дар заминҳои санглох ва нишебиҳо хуб месабзад. Абдуллогӣ навъи зардолуи нодири водии Зарафшон буда, дарахтони ҷудогонааш дар деҳаҳои Работ, Урметану Рарзи ноҳияи Айнӣ ва баъзе деҳаҳои ноҳияи Масчо дучор меояд. Аз касалиҳои занбӯруғӣ ва ҳашароти зараррасон зарар мебинад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Плодовые Среднего Таджикистана, Л., 1935;
  • Костина К. Ф., Абрикос, М., 1936.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]