Абдуллоҳи Баҳҷат
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Абдуллоҳи Баҳҷат (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба забони туркӣ низ шеър мегуфтааст. Малеҳои Самарқандӣ Баҳҷатро зодаи Офаринканд гуфтааст. Инчунин номи вайро ба шакли Қозӣ Абдуллоҳ сабт намудааст. Аз ин бармеояд, ки ӯ муддате қозӣ-«шариатпаноҳ» (Малеҳо) будааст. Бо сабаби баъзе ҳаводиси иҷтимоии рӯзгор Баҳҷат аз мансаби қозӣ нозил шуда, дар мадрасаи Мири Араби Бухоро ба тадрис шуғл меварзид.
Малеҳо Баҳҷатро чун шахси соҳиби беҳтарин хислатҳои инсонӣ — олим, фозил, шоири фасеҳзабон, малеҳбаён, донандаи «Гулистон»-у «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Силсилату-з-заҳаб»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ, огоҳ аз илми мусиқӣ ва ғ. тавсиф намудааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:
Хушам ба дард, ки дар пардаи шикебоист,
Бадам ба доғ, ки оинадори расвоист.
***
Хун мекунад зи дард дил санги хораро,
Ёрон, ҳадиси шикваи мо ношуниданист.
***
Баҳҷат, дили ман бонги Самарқанд зад имшаб,
Оташкадаи ишқ магар синаи ман шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳҷат // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.