Абдуллоҳи Кобулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдуллоҳи Кобулӣ

Абдулло́ҳи Кобулӣ Ибодуллоҳ, мутахаллис ба Гуноҳӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоир ва муаррихи форсизабони Ҳиндустон (охири асри 16 – ибтидои асри 17).

Зиндагинома[вироиш]

Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии Абдуллоҳи Кобулӣ дар Ҳиндустон гузаштааст. Бо мақсади ошноӣ бо ҳаёти мардум, омӯзиши маданияту фарҳанги онҳо ба манотиқи гуногуни Ҳиндустон, аз ҷумла Гуҷарот, Кашмир, шаҳрҳои Лоҳур, Аҳмадобод, Деҳлӣ ва ғайра сафар кардааст.

Осор[вироиш]

Абдуллоҳи Кобулӣ муаллифи асаре бо номи «Тазкират-ут-таворих» мебошад (таълиф солҳои 1582 – 1601). Ин асар, ки аз 6 боб иборат аст, аҳамияти таърихӣ ва адабӣ дорад. Дар боби сеюми он оид ба 195 нафар шоир маълумоти тарҷумаиҳолӣ дарҷ гардида, аз осорашон намунаҳо оварда шудааст. Боби 6-уми «Тазкират-ут-таворих» воқеаҳои таърихию адабии замони муаллифро дар бар мегирад. Азбаски муаллиф худ шоҳиди ин воқеаҳову ҳодисаҳо буд, нигоштаҳояш аҳамияти калони таърихӣ доранд. Ашъори Абдуллоҳи Кобулӣ дар «Тазкират-ут-таворих» омадаанд, ки аксарашон хусусияти бадеӣ ва таърихӣ доранд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]