Абдуллоҳи Шаҳобӣ
Зоҳир
Навъи фаъолият: | хаттот |
---|
Абдулло́ҳи Шаҳобӣ (асри 16) — хаттоти форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Қазвин умр ба сар бурдааст. Дар айёми ҷавонӣ ба омӯзиши хаттотӣ ва анвои хат пардохта, ин пешаро ба хубӣ аз худ намудааст. Бино ба маълумоти тазкираи «Туҳфаи Сомӣ»-и Соммирзои Сафавӣ Абдуллоҳи Шаҳобӣ қобилият ва истеъдоди баланди хаттотӣ дошта, дар хушнависӣ маълуму машҳур будааст ва осори назму насри классикони форсу тоҷикро китобат намудааст. Мутассифона, аз осори хаттотии Абдуллоҳи Шаҳобӣ то замони мо чизе нарасидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуллоҳи Шаҳобӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.