Абдуллоҳхон
|
Абдуллоҳхо́н (соли таваллуд ва вафот номаълум) — яке аз хонҳои шайбонӣ, аз ашрофзодагони муғул, сипаҳсолор ва ҳокими мустақил дар Мовароуннаҳр (асри 16).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Модараш Оиша Бегим яке аз духтарони Ҳусайн Бойқаро буд. Аз соли 1530 Абдуллоҳхон ба унвони сипаҳсолор дар хидмати сипоҳи Бобур будааст. Бобур дар китоби худ «Бобурнома» аз ӯ ёд кардааст. Абдуллоҳхон дар юришҳо ва ҷангҳои Бобур ва сипаҳсолори темурӣ Қосим Ҳусайн султон дар Ҳинд фаъолона ширкат доштааст. Баъд аз марги Бобур Абдуллоҳхон ба хидмати Ҳумоюн пайваст ва дар юришҳо ва ҷангҳои ӯ алайҳи мулуки Панҷоб ва вилоёти дигари Ҳиндустон ширкат намуд. Абдуллоҳхон бо духтари Қосим Барлос (султони қазоқ аз хонадони Ҷуҷӣ) издивоҷ намуд. Вай дар барқарории ҳукумати Ҳумоюн, бахусус дар ҷанги ӯ бар зидди Сур Афғон нақши муассире дошт. Абдуллоҳхон дар муҳимтарин юришҳои Акбаршоҳ низ ширкати мустақим дошт (чунончи, дар набарди маъруфи Панипат, соли 1556) ва баъд аз ин аз тарафи шоҳ бо лақаби волои «Шуҷоатхон» сарфароз гардид. Абдуллоҳхон ҳамчунин дар юришҳои Акбаршоҳ алайҳи Хон Замон (Алиқулии Ӯзбек), ки ҳокими Ҷанпур буд, ширкат варзид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобур М., Бобурнома, Тошканд, 1965;
- Гулбаданбегим, Ҳумоюннома, Тошканд, 1965.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуллоҳхон // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.