Jump to content

Абдулло Ёрмуҳаммадов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулло Ёрмуҳаммадов
Таваллуд 13 ноябр 1896(1896-11-13)
Даргузашт 21 сентябр 1940(1940-09-21) (43 сол)
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурх
Набардҳо

Абдулло Ёрмуҳаммадов (машҳур ба Абдулло-командир; 13 ноябр 1896, Ноҳияи Пахтаарал21 сентябр 1940, Олмотӣ) — ходими давлатӣ, яке аз фаъолони муборизаи зидди ҳаракати зиддиинқилобӣ, аввалин вазири корҳои дохилии Тоҷикистон[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи чорсолаи Самарқанд (1914). Котиб-тарҷумони идораи уезди Каттақӯрғон (1914—1917), сардори идораи милисаи ш. Каттақӯрғон (1917—1919), раиси Комиҷроияи

Шӯрои вакилони меҳнаткашон ва ваколатдори мубориза бар зидди ҳаракати зиддиинқилобӣ дар уезди Каттақӯрғон (1920−1921), раиси Комиҷроияи вилояти Самарқанд (1921−1923), муовини Комиссари мардумии корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (1923), Комиссари корҳои дохилии Ҷумҳурии Мухтори Туркистон, сардори Экспедитсияи Қизилқум (1924), Комиссари мардумии корҳои дохилаи ҶМШС Тоҷикистон (14.12.1924−1927). Солҳои 1927−1940 дар мақомоти роҳбарии Қазоқистон: ҷонишини Комиссари мардумии савдо, раиси Комиҷроияи шӯроҳои ҳавза ва шаҳри Семипалатинск, раиси Комиҷроияи шаҳри Алма-Ато, сардори хоҷагии об, Комиссари мардумии адлия, сарарбитри Комиҷроияи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ.

Бо се ордени Байрақи Сурхи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро (1923, 1924, 1926) қадр шудааст.

Яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба хотираи Абдулло Ёрмуҳаммадов Абдулло-командир номгузорӣ шудааст.