Jump to content

Абдулло Бобохонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулло Бобохонов
Бобохонов Абдулло Бобохонович
Иттилооти асосӣ
Мамлакат  Қирғизистон
Таърихи таваллуд 8 феврал 1910(1910-02-08)
Зодгоҳ Тӯқмоқ, Қирғизистон
Таърихи даргузашт 10 июн 1990(1990-06-10) (80 сол)
Маҳалли даргузашт Маскав

Бобохонов Абдулло Бобохонович (8 феврали 1910, Қирғизистон, шаҳри Тӯқмоқ — 10 июни 1990, Маскав) — яке аз аввалин меъморони ӯзбек, профессор (1965). Меъмори халқии СССР (1970).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти индустриалии Осиёи Миёна (1933). Сармеъмори Идораи лоиҳакашии шаҳри Тошканд (1938—1944), раиси Раёсати ҷамъияти меъморон (1944—1946, 1964—1986), муовини вазири сохтмони Ӯзбекистон (1955-59), ходими илмӣ ва мудири шуъбаи Академияи меъмории Ӯзбекистон (1960—1963), устоди Институти политехникии Тошканд (1963). Солҳои 1963—1989 ба меъморони ҷавон донишу таҷрибаи худро омӯзонд.

Корҳои асосии Абдулло Бобохонов: қисми меъмории маҷмӯаи обамбори Каттақӯрғон (1940—1941) ва Ҷанубии Сурхон (1964—1967), Мақбараи Ҳамза дар Шоҳимардон (1950), расадхонаи Улуғбек дар Самарқанд (1962). Дар Тоҷикистон низ як силсила иморатҳо аз рӯйи лоиҳаи ӯ сохта шудаанд: Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ (1952), собиқ кинотеатри «8-уми март» дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе (1952) ва ғ. Абдулло Бобохонов зиёда аз 100 лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, маърифатӣ, маишӣ ва ғайраро кашидааст, ки дар асоси онҳо иморатҳо сохта шудаанд.

  • Бобохонов Абдулло Бобохонович / Р. Муқимов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.