Jump to content

Абдулмаҷиди Абҳарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулмаҷид Абҳарӣ
Навъи фаъолият: шоир

Абдулмаҷид Абҳарӣ (? — қарни XII, Ғазна) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар шаҳри Ғазна таваллуд ёфта, то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Муҳаммад Авфии Бухороӣ Абҳарӣ аз шоирони маъруфи дарбори Салчуқиён буда, ҷамолушшуаро унвон дошт. Муҳаммад Авфӣ ӯро чун «абҳари бӯстони фазл ва ахбори осмони ҳунар» тавсиф намуда, шеърҳояшро аз ҷиҳати бадеият «тарабангез»-у «ҷоновез» номидааст. Байтҳои зерин намунае аз ашъори ӯянд:

То ишқи ту дар дилам муҳайёст,
Бар дил баду неки ишқ пайдост.
То сабр дари салоҳ барбаст,
Андар дили ман ҳазор савдост.
То қофилаи висол бигзашт,
Овози фироқи дӯст бархост…
  • Муҳаммад Авфӣ, Лубоб-ул-албоб, ҷ. 2., Лейден, 1903.