Абдулраҳим Абдулҳасанов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулраҳим Абдулҳасанов
Абдулҳасанов Абдулраҳим Абдулҳамидович
Таваллуд 28 июн 1960(1960-06-28) (63 сол)
Ҷоизаҳо Медали Хидмати Шоиста
Хидмати сарбозӣ
Мансубият  Тоҷикистон
Рутба генерал-майори адлия

Абдулраҳим Абдулҳаса́нов (Абдулҳасанов Абдулраҳим Абдулҳамидович; тав. 28 июни 1960, деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, Қирғизистон) — арбоби риштаи ҳуқуқи тоҷик, генерал-майори адлия (2008).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон (1983). Солҳои 1983 – 1986 муфаттиши прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон, 1987 – 91 сармуфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳим дар назди Прокурори ҶШС Тоҷикистон, 1991 – 92 муовини прокурори ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, 1992 прокурори Раёсати тафтишотии прокуратураи вилояти Ленинобод, 1993 – 96 сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии ҶТ, 1997 – 2003 муовини прокурори вил. Суғд, 2003 – 07 прокурори шаҳри Истаравшан. Солҳои 1993 – 96 роҳбарии тафтиши парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои махсусан вазнини гурӯҳҳои мусаллаҳи муташаккили ҷиноятиро ба уҳда дошт. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ (янв. 2007) муовини директори ин мақомот мебошад.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидматҳои арзишмандаш сазовори медали «Хидмати шоиста» гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]