Абдулфаттоҳ (хаттот)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулфаттоҳ
Номи пурра Абдулфаттоҳ ибни Мулло Абдулxалили Ҷӯйборӣ
Зодгоҳ: Бухоро
Навъи фаъолият: хаттот

Абдулфатто́ҳ ибни Мулло Абдулxалили Ҷӯйборӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттоти тоҷик (нимаи дуюми садаи XIX – ибтидои садаи XX).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Дар навиштани чанд навъи хат, бахусус анвои хати настаълиқ машҳур будааст ва китоби бисёреро бо хати зебову хоно китобат намудааст. «Кимиё» ном китобе бо хати зебои ӯ рӯнавис шудааст, ки аз 303 варақ иборат буда, таҳти рақами 1561 дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфуз аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]