Абдулқаюм Қурбӣ
Таърихи таваллуд: | 1886 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1937 |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | нависанда, шоир, адабиётшинос, рӯзноманигор |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Абдулқаюм Қурбӣ (Абдулқаюм Ҳамроев; 1886, Самарқанд — 1937) — шоир, адиб, рӯзноманигор ва рӯшанфикри тоҷик, аввалин муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик»
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулқаюм соли 1886 дар гузари Боғимайдон (дар баъзе маъхазҳо Заргарон)-и шаҳри Самарқанд дар оилаи Ҳамроқул ном заргари босавод таваллуд шудааси[1]. Абдуқаюм, баробари таҳсил дар мактаби кӯҳна, дар назди муаллими хусусӣ — шоири тавонои ҳамон давр Саидаҳмади Васлӣ савод меомӯзад. Устодаш зеҳни тез ва ҳофизаи хуби Абдуқаюмро пай бурда, ба тарбияи ӯ аҳамияти махсус медиҳад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ сарфу наҳв ва ҳисобу китобро аз худ карда, хонданро дар яке аз мадрасаҳои Регистон, ки мударриси босавод Эшони Тӯра сарварӣ мекард, давом дод. Баробари ин шабонгоҳ дар паҳлӯйи падар нишаста, аз сирру асрори касби заргарӣ хабардор мешуд.
Табъид ва даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдулқаюм Қурбӣ соли 1937 бо айби «аксулинқилобӣ» ба муҳлати 10 сол табъид мегардад ва ҳамон сол дар ғурбат вафот мекунад[2].
Танҳо соли 1986 суди вилояти Самарқанд бо ҳукми худ номи поку неки аввалин сармуҳаррири «Овози тоҷик»-ро сафед менамояд ва ҳоло дар Самарқанд, дар кӯчае, ки номи ӯро дорад, ба хотираи некаш лавҳаи сангин гузошта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 9.САРМУҲАРРИРИ АВВАЛИНИ «ОВОЗИ ТОҶИК» - Ovozitojik.uz. ovozitojik.uz. 11 ноябри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Овози тоҷик садсола шуд. Садои мардум. 11 ноябри 2024 санҷида шуд.