Абдулҳаким Розиқзода
Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ | |
Таърихи таваллуд | 1956 |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2016- то ҳоло) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1982) |
Абдулҳаким Шералӣ Розиқзода – таърихнигор, доктори илмҳои таърих, профессор.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1977-1982 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил намуда, аз соли 1983 то соли 1986 дар мактаби миёнаи №7 ноҳияи Москва (Ҳамадонии кунунӣ) ва аз соли 1986 то соли 1989 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба омӯзгорӣ машғул будааст.
- Солҳои 1989-1993 давраи аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин сипарӣ намудааст.
- Солҳои 1993-2005 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, сардори кафедра, муовини аввали cардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаъолият доштааст.
- Солҳои 2006-2009 ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон будааст.
- Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон кор кардааст.
- Соли 2013-2015 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» будааст.[1]
- Аз соли 2016 — раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.[1]
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1989-1993 давраи аспирантураро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сипарӣ ва соли 1994 дар мавзӯи «Истеҳсолоти косибию ҳунармандии Бухорои Шарқӣ дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст. Соли 2002 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбӣ ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» ҳимоя карда, сазовори унвони илмии доктори илмҳои таърих гардидааст.
Абдулҳаким Розиқзода яке аз муҳаққиқони эътирофшудаи таърихи милитсияи Тоҷикистон ба шумор рафта, оид ба мавзӯи мақомоти ҳифзи тартиботи Ҷумҳурии Афғонистон низ якчанд мақолаҳо ба нашр расонидааст. Муаллифи 7 монография, 3 филмнома ва зиёда аз 150 мақола оид ба таърихи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷанбаҳои гуногуни таърихи милитсияи Тоҷикистон мебошад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ(тоҷ.). www.vak.tj. 29 апрели 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 апрели 2021.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони соли 1956
- Докторони улуми таърих
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорон аз рӯи алифбо
- Таърихнигорони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон