Абдулҳақ Бетоб
Таърихи таваллуд: | 1888 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1969 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Бетоб Абдулҳақ Суфӣ (форсӣ: عبدالحق بیتاب; 1888, Кобул – 1969, ҳамон ҷо) — шоири афғон. Ба забони дарӣ (форсии кобулӣ) менавишт.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Таълими ибтидоиро дар оила гирифта, сипас дар мадраса улуми динӣ, адабиёти форсӣ ва арабиро омӯхт. Аз соли 1918 дар мактабу мадрасаҳо ба таълиму тарбия шуғл варзида, солҳои охир профессор Донишгоҳи Кобул буд. Дар шеър аз сабки ҳиндӣ пайравӣ мекард, вале мекӯшид матлабро содатар баён намояд. Соли 1952 ба гирифтани унвони маликушшуаро мушарраф гардид. Баъзе шеърҳояш дар матбуоти Тоҷикистон ва маҷмӯаҳои ашъори шоирони Афғонистон («Намунаи ашъори шоирони муосири афғон», 1958) ба табъ расидаанд.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- Бетоб Абдулҳақ Суфӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.