Jump to content

Абдулҷаббори Астарободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулҷаббор Астарободӣ
Номи пурра Абдулҷаббор ибни Ҳоҷӣ Алӣ Муншии Астарободӣ
Навъи фаъолият: хаттот

Абдулҷаббо́р ибни Ҳоҷӣ Алӣ Муншии Астарободӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот ва хушнависи форс-тоҷик (асри 16).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдулҷаббор устоди хати настаълиқ буда, дар дарбори Аҳмади Гелонӣ (ҳукмронӣ 1536—1567/68) хидмат кардааст. Солҳои 60 садаи XVI дар Қазвин асир ва дар китобхонаи шоҳ Таҳмосб хаттот ва мусаввир будааст. Солҳои 70 садаи XVI ба Гелон баргаштааст. Мутаассифона, то замони мо аз асарҳои китобаткардаи Абдулҷаббор чизе нарасидааст.