Абдулҷаббори Ургутӣ
Номи пурра | Абдулҷаббори Ургутии Самарқандӣ |
---|---|
Таърихи таваллуд: | 1831 |
Зодгоҳ: | Ургут |
Таърихи даргузашт: | 1912 |
Навъи фаъолият: | хаттот, шоир |
Абдулҷаббо́ри Ургути́и Самарқандӣ (1831/32, Ургут — 1912, ҳамон ҷо) — хаттот ва шоири тоҷик. Яке аз чаҳор нафар ихтироъкорони навъҳои хати настаълиқ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Услуби хаттотии се нафари аввал (Мавлавӣ Соқӣ Муҳаммад, Сиддиқxони Дарахтӣ, Сиддиқxони Иштихонӣ)-ро минбаъд чандин хушнависон пайравӣ ва аз худ кардаанд, вале тарзу услуби Абдулҷаббориро ҳарчанд кӯшида бошанд ҳам, касе пайравӣ карда натавонистааст. Садри Зиё дар «Рисолаи хаттотон» чунин оварда: «Барои ёд гирифтани равиши китобати хати Абдулҷаббори Ургутӣ бисёр кӯшиш кардам, вале муяссар нашуд. Ҳол он ки равиши хати котибони дигарро бо андаке кӯшиш худи худашон барин менавиштам. Аз шариконам Абдурраҳим ном як шахсро ба хидмати Абдулҷаббор ба Ургут фиристодам. Бо чандин душвориҳо ба назди хаттот расида рафт. Дар он ҷо се моҳ шогирд истода ва ҳама машқ карда, аз ӯ таълими хат гирифт. Баъд се қалами бо қаламтароши худ тарошидаи Абдулҷабборро гирифта ба Бухоро баргашт. Ман ҳамин қаламро гирифта машқ кардам ва худи хати Абдулҷаббор барин менавиштагӣ шудам». Абдулҷаббори матнро зебову хоно ва бехато менавишт. То ҳол касе аз матни китобаткардаи ӯ ғалате наёфтааст. Аз ин хушнависи номӣ беш аз 250 адад асари китобатшуда боқӣ мондааст. Абдулҷаббори шеър ҳам эҷод кардааст, ки порчаи зайл тазмин ба мисраи Камоли Исфаҳонӣ «Дил барканам ман аз туву бардорам аз ту меҳр» мебошад:
- Чун гирдбод оҳ зи хокам кашад алам,
- Бар фарқи рӯзгор нишонад ғубори ғам.
- Чун дил ба ҷои хеш бувад, к-аз ниҳеби дард,
- З-ин ошёна торами ором карда рам…
- Гирад ба ҳар ду даст сари худ аҷал зи бим,
- Ҷое ки ғамзаи ту кашад ханҷари ситам…
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулҷаббори Ургутӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.