Абдулҷаббори Хуҷандӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1219 |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Навъи фаъолият: | мунаҷҷим, шоир |
Абдулҷаббо́ри Хуҷандӣ (форсӣ: عبدالجبار خجندی; ? – 1219, Хуҷанд) — шоир, нависанда ва ахтаршиноси форс-тоҷик,
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Оид ба ҳаёташ маълумот нест. Аз Абдулҷаббори Хуҷандӣ асари манзуми нуҷумии «Ал-мадхал-ул-манзум фи аҳком-ин-нуҷум» («Мадхали манзум дар аҳкоми нуҷум») то замони мо расидааст. Ин асар дар байни аҳли адаб маъруф буд ва ба он мунаҷҷимони асрҳои баъдина (аз ҷумла соли 1520 Ҳабибуллоҳ ибни Муҳаммади Табиб) шарҳ навиштаанд. 55 нусхаи хаттии ин китоб дар китобхонаи донишгоҳҳои Теҳрон ва Язд, Музейи Британия, Покистон, Миср ва ғайра маҳфузанд. Асари номбурда ҳоло тадқиқ нашудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдулҷаббори Хуҷандӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.