Jump to content

Абдуалӣ Абдуманнонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдуманнонов Абдуалӣ)
Абдуалӣ Абдуманнонов
Абдуали Абдуманнонов
Таърихи таваллуд 22 феврал 1953(1953-02-22)
Зодгоҳ Деҳаи Қалъачаи Мазорноҳияи Исфара, Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 20 сентябр 2021(2021-09-20) (68 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Кишвар Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: доктори илми физикаю математика
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров , Литсейи физики математики #1 ба Номи М.Осими
Маъруф ба
Ҷоизаҳо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2003)

Абдуали Абдуманнонов — физикдон, доктори илмҳои физикаю математика (2002), профессор (2002). Аълочии маорифи ҶТ (2003).[1]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуали Абдуманнонов факултаи физикаи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1975). Лаборант (1973-75), муаллими кафедраи физикаи умумии ДДОЛ (1975), муҳаққиқ-коромуз, аспиранти ПФТ ба номи А.Ф.Иоффеи АУ ИҶШС (1975-80), муаллим (1980-84), дотсенти кафедраи физикаи умуми ва ҷисмҳоиои сахт (1984-92), ноиби декан доир ба кори илмии факултаи физикаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров (1982-92), дотсент (1994-2002), профессор (2002), мудири кафедраи физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.2003). Дар давоми фаъолияташ дар таҳкими гузориши корҳои илмии устодон ва донишҷӯёни факулта саҳми назаррас гузоштааст. Таҳти рохбарии А. солҳои 1984, 1985, 2005, 2006, 2007 донишҷӯёни факулта дар озмунҳои ҷумҳурияви аз физика ҷойҳои аввалро ишгол кардаанд. Абдуманнонов вазифаи рохбарии тими физикҳои Тоҷикистонро дар озмунҳои умумииттифокии донишҷӯён (Рига,1985) ва (Вилнюс,1986) ба зимма дошт. Абдуманнонов солҳои 1992-94 ба вазифаи корманди калони илмӣ гузашта, дар лабораторияи физикаи мустахкамии материалҳои таркибии ПФТ ба номи А.Ф.Иоффе АУ Русия (ш.С-Петербург) корҳои илмӣи худро идома додааст. Соли 2002 дар пажӯҳишгоҳи номбурда рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Абдуманнонов дар инкишофи назарияи физикаи вайроншавии материалҳои таркиби сахми калон дорад. Механизми релаксатсионии таъсири мутакобилаи нуксонхоро дар раванди вайроншавии ҷисмҳоиои гетерогени дар тачриба ошкор ва асоснок кардааст. Муаллифи зиёда аз 120 асари илмӣ ва китобу дастурхо мебошад. Мақолаҳои илмӣи Абдуманнонов дар мачалаҳои илмӣи Русия, ИМА, Чопон, Полша, Латвия, Тоҷикистон нашр шудаанд. Иштироккунандаи якчанд конфронс ва хамоишҳои байналхалқи (Маскав, 1978; Нара (Чопон),1996; Ленинград, 1977-1985; Рига, 1983; Новокузнетск, 1989; Каменетск-Подолск (Украина), 1985; Новгород, 1994; Душанбе, 1986, 1993; Хуҷанд, 1990, 2002;) мебошад. Таҳти рохбарии Абдуманнонов якчанд унвончуйхо рисолаҳои номзади ҳимоя кардаанд. Олими соли ДДХ (2006).

  • Корҳои лабораторӣ аз физика (электромагнетизм). - Ленинабад: ООП Ленинабадоблмашинформ, 1987, 1991;
  • Практикуми лабораторӣ аз электрик. - Д.: Амри илм, 1998;
  • Намунаи халли масъалаҳо аз физика (механика). - Хуҷанд: Нури маърифат, 2004;
  • Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физика (ходисаҳои харорати ва электрики). - Хуҷанд: Нури маърифат, 2005;
  • Намунаи ҳалли масъалаҳо аз физика (электромагнетизм, оптика, физикаи атом ва ядро). - Хуҷанд: Ношир, 2005;
  • Маълумотнома аз физика (қисми 1). - Хуҷанд: Ношир, 2005;
  • Афканишоти радиатсионӣ ва ҳаёт. - Хуҷанд: Ношир, 2006;
  • Физика ва химияи полимерҳо. - Спитамен: Нашр. давл. ба номи Р.Ҷалил, 2006;
  • Асосҳои физикаи атом. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2005;
  • Асосҳои физикаи ядро. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2006.

Пайвандҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]