Ноҳияи Исфара

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Исфара
40°07′00″ а. шим. 70°38′00″ т. ш.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи вилояти Суғд
Шомили 3 шаҳрак, 9 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Исфара
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 31 январи 1927
Масоҳат 880,9 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 285 000[2] нафар (2022)
Зичӣ 314,2 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-сунниҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа IR
Рамзи ISO 3166-2 TJ.SU.IR
Коди телефон +992 3462
Нишонаи почта 735920
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ02
Ноҳияи Исфара дар харита
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Исфара (форсӣ: ناحیۀ اسفره‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳри Исфара (форсӣ: اسفره‎) аст, ки 108 км шарқтар аз шаҳри Хуҷанд дар каронаи рӯди Исфара ҷойгир аст. Аз Исфара то Душанбе 410 км роҳ аст.

Аҳолӣ — 285 ҳаз. нафар (2022)[3].

Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи Исфара бо сарзамине 835,9 км² дар доманаи кӯҳсори Туркистон дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон, дар шарқ ва ҷануб — бо вилояти Бодканди Қирғизистон ва дар ғарб — бо ноҳияи Конибодом аз бахшҳои вилояти Суғд ҳаммарз аст.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

сол 2012 2013 2014 2015 2019 2020 2021 2022
шумора
(ҳаз. нафар)
192,8 196,3 200,2 204,5 269,6 274,0 282,2 285

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин ноҳия 31 январи соли 1927 дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон таъсис ёфта аст. Дар моҳи октябри соли 1929 бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон шуд.

Бахшбандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Исфара 1 шаҳр, 3 шаҳрак (Шӯроб, Нафтобод, Нурафшон) ва 9 ҷамоат дорад[4]:

Ҷамоату шаҳракҳои ноҳия
Номи воҳиди маъмурӣАҳолӣ
1Исфара, шаҳр51000
2Шӯроб, шаҳрак5120
3Нафтобод, шаҳрак6200
4Нурафшон, шаҳрак2160
5Навгилем41300
6Хонобод12870
7Кӯлканд27500
8Зумрад20450
9Чилгазӣ17792
10Лаккон8900
11Сурх19850
12Чоркӯҳ41560
13Ворух38000

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвари ноҳияи Исфара Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Исфара Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Исфара барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи Исфара 20 корхонаи саноатӣ, 392 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 368 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 4,3 ҳазор га, аз ҷумла 4,3 ҳазор га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу (картошка) аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
  2. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022.
  3. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022.
  4. Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 22 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.

Ноҳия дар аксҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]