Абдумаҷид Воҳидов
Абдумаҷид Воҳидов (тав. 8 августи 1942, Конибодом) — анестезиолог ва реаниматолог, доктори илмҳои тиб (1990), профессор (1993).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1967). Ординатори клиникӣ (1967–69), аспирант (1969–72), ассистент (1972–91), дотсент (1991–92) ва профессори кафедраи ҷарроҳии умумии факултаи муолиҷавӣ, мудири кафедраи анестезиология ва реаниматологияи факултаи такмили ихтисоси духтурони ДДТТ (1993–94). Аз соли 1994 мудири кафедраи анестезиология ва реаниматологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон.
Пажӯҳишҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи рафъи ҳисси дард баъди ҷарроҳӣ, ҳемотерапия, пешгирию муолиҷаи иллати нафаскашӣ дар одамони гирифтори бемориҳои номахсуси шуш, фаъолияти шуш ва ислоҳи ихтилоли он ҳангоми садамаи вазнини косахонаву мағзи сар пажӯҳишҳо анҷом додааст. Зиёда аз 200 таълифоти илмӣ дорад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Техника регионарной анестезии и аналгезии в практике хирургии и акушерство-гинекологии. Д., 1997;
- Регионарная и спиномозговая анестезия и аналгезия. Д., 2003;
- Операция на печени без использования аллогенных компонентов крови //Здравоохранение Таджикистана. Д., 2007, № 1;
- Сестринское дело в анестезиологии и реаниматологии. Д., 2008.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воҳидов Абдумаҷид // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.