Абдумаҷид Сафоев
Абдумаҷид Сафоев | |
|---|---|
| Сафозода Абдулмаҷид Карим | |
| Таърихи таваллуд | 8 май 1985 (41 сол) |
| Зодгоҳ | ноҳияи Хуросон, ҶШС Тоҷикистон |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | иқтисод |
| Ҷойҳои кор | Ректори Муассисаи давлатии "Донишкадаи байналмилалии Данғара"-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | (2024) |
| Унвонҳои илмӣ | дотсент |
| Алма-матер | Донишкадаи байналмилалии Данғараи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон |
| Роҳбари илмӣ | д.и.и., профессор, аъзо-корреспондент Саидмуродзода Л.Ҳ. |
Абдумаҷид Сафозода (Сафоев) (Сафозода Абдулмаҷид Карим; 8 майи 1985, ноҳияи Хуросон, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос, доктори илмҳои иқтисодӣ (2024), дотсент.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сафозода Абдулмаҷид Карим 8 майи соли 1985 дар ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1992 ба мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии №10-и ноҳияи Хуросон қадам ниҳода, мактаби миёнаи номбурдаро соли 2003 хатм намудааст. Соли 2003 баъди хатм намудани мактаби миёна дар заводи пахтатозакунии ҶСШК «Файзалӣ» ноҳияи Хуросон фаъолият намуда, дар баробари ин дар маркази таълимотии «Ожонсии Инкишофи Осиёи Марказӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа бо номи «CADA» курсҳои кӯтоҳмуддат аз забони англисӣ ва барномасозӣ – компютер гузашта, соҳиби сертификат гардидааст.
Соли 2004 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Пештара Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон), ба факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент, ихтисоси «Иқтисодчии байналхалқӣ донандаи забони англисӣ» супорида, ихтисоси мазкурро соли 2009 бо дипломи аълочӣ ва тахассуси «Иқтисодчӣ» хатм намудааст. Сар карда аз соли 2010 ба шуъбаи аспирантура ва магистратураи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматӣ Тоҷикистон дохил гардидааст.
Дар давраи фаъолияти худ дар донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногун кор кардааст, аз ҷумла - ассистент, саромӯзгор, раиси созмони ҷавонони Донишгоҳ, мудири кафедра, муовини декани факултет оид ба қисми таълимӣ ва декани факултет ва айни замон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 7-уми январи соли 2025, №22 ба вазифаи ректори Муассисаи давлатии "Донишкадаи байналмилалии Данғара"-и Муассисаи давлатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъин карда шуд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кории худро Сафозода (Сафоев) Абдулмаҷид Карим аз соли 2009 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (пештара Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат) ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ» оғоз намудааст. Аз соли 2009 то соли 2017 дар вазифаҳои Раиси созмони ҷавонони донишкада, ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ, муовини декан оид ба қисми таълимӣ ва декани факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон фаъолият намудааст.
Дар соли 2015 рисолаи номзадии худро дар мавзӯъи «Мукамалнамоии механизми идоракунии лоиҳаҳои инвеститсионӣ (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)»[1] дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи равияи иқтисодиёти минтақавӣ ҳимоя намудааст.
Дар соли 2023 рисолаи доктории худро дар мавзӯъи «Идоракунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар раванди саноатикунонии босуръат» дар шурои диссертатсионии назди Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯи равияи 08.00.06.04 - Ташкил ва идоракунии корхонаҳо, низомҳо ва комплексҳо дифоъ намудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Сафозода (Сафоев) Абдулмаҷид Карим муаллифи бештар аз 150 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 китоби дарсӣ бо тасдиқи Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 монографияи илмӣ, 3 васоити таълимӣ, 5 дастурри методӣ ва боқимонда мақолаҳои тақризшаванда, байналмилалӣ дар хориҷ аз кишвар ва ҷумҳуриявӣ мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва нақши он дар саноатикунонии босуръат // Монографияи коллективӣ / Дар зери таҳрири д.и.и., профессор Сафоев А.К. Душанбе: «Соҳибкор», 2024. - 93 с, С. 40-51; 71-76. РДУ: 336.5:338.2 (575.3) БИ: 5869 ISBN 978-99975-0-796-9
- Масъалаҳои мубрами рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ /Нақш ва гурӯҳбандии фаъолияти соҳибкории занона дар шароити муосир // Монографияи коллективӣ / Душанбе: «Ирфон», 2024. - 459 с, С. 121-125.
- История экономических учений. Монография барои мутахассисони соњаи назарияи иқтисодиёт. [Матн] / М.Ҳ. Маҳмудова, М.С. Саидова, А.К. Сафоев, М.А. Аҳмадова// Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Душанбе: «Абдураҳмон – Р», - 2023. – 98 с.
- Мукаммалсозии механизми идоракунии лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ дар соҳаи саноат дар шароити саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Монограифя барои мутахассисони соҳаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар. [Матн] /А.К. Сафоев// Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Душанбе: «Ирфон», - 2023. – 138 с. ТДУ: 336.5:338.2 (575.3) ISBN 978-99975-0-796-9 БИ № 5869
- Основные тенденции развития современной мировой экономики. Монография предназначена для специалистов в области мировой экономики [Текст]/ А.А. Исмоилов, А.К. Сафоев, Ш.Х. Худоёров // Институт предпринимательства и сервис. Душанбе: «Сохибкор», - 2017. – 140 с.
- Стратегические направления привлечения государственных инвестиций в промышленность Республики Таджикистан. Монография предназначена для специалистов в области государственных инвестиций в промышленности [Текст]/ А.К. Сафоев // Институт предпринимательства и сервис. Душанбе: «Ирфон», - 2019. – 129 с.
- Инновационно-инвестиционная стратегия развития Республики Таджикистан в условиях глобализации. Монография предназначена для специалистов в области инновационно-инвестиционного развития в условиях глобализации. [Текст] / О.Н. Рахимов, А.К. Сафоев // Институт предпринимательства и сервис. Душанбе: «Ирфон», - 2017. -122 с.
- Механизм управления региональными инвестиционными проектами. Монография предназначена для специалистов в области управления и реализации региональных инвестиционных проектов [Текст]/ А.К. Сафоев // Институт предпринимательства и сервис. Душанбе: «Сохибкор», - 2016. - 128 с.
Китобҳои дарсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Назарияи иқтисод. Китоби дарсӣ бо тасдиқи қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.05.2024, №16/17) [Матн] /К. Ризоев, А.К. Сафоев, М.Ҳ. Маҳмудова, М.С. Саидова / Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон. Душанбе: «Абдураҳмон - Р». – 2024. – 315 с.
- Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ. Китоби дарсӣ [Матн] / Д.Б. Қодирзода, А.К. Сафоев / Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. Душанбе: «Саманд-2012». – 2018. – 275 с.
- Иқтисодиёти ҷаҳон. Китоби дарсӣ барои мактабњои олї бо тасдиқи қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.10.2016, №16/17) [Матн] /Д.Б. Қодирзода, А.К. Сафоев/ Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат. Душанбе: «Соҳибкор». – 2016. – 362 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- [Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат http://dsx.tj Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2018 сол.]