Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абдураҳим Ғаффоров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳим Ғаффоров
Таърихи таваллуд 21 майи 1947(1947-05-21)
Зодгоҳ деҳаи Зиракӣ ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт номаълум
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1996)

Абдураҳим Ғаффоров (21 майи 1947, деҳаи Зиракӣ, ноҳияи Ҳисор) — арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон (1996).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1967 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги Тоҷикистон) ва 1986 ғоибона Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзодаро ба охир расондааст. Солҳои 1967—1974 нозир, роҳбари бадеӣ ва директори хонаи маданияти ноҳияи Шаҳритус кор карда, аз соли 1975 дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Ҳисор аввал чун методист, баъдан директори хонаи маданият ва солҳои охир ҳамчун мушовири шуъбаи фарҳанг фаъолият доштааст. Дар театри халқии ноҳияи Ҳисор намоишномаҳои зиёдро таҳия намуда, дар аксарашон ба ҳайси актёр ҳунар озмудааст.

Ба Маскав, Новосибирск, Вилнюс, Берлину Лейпсиги Олмон, Торонтаи Канада ва дигар шаҳрҳо сафарҳои ҳунарӣ анҷом додааст. Иштирокдори се даври озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон-1,2,3», «Андалеб- 96,99», дигар ҷашнвораҳо мебошад.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.