Ноҳияи Ҳисор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ноҳияи Ҳисор
Ноҳияи Нуробод дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Tajikistan-coat-of-arms.jpg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Ҳисор
Замони таъсис : 29 январи соли 1932
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 3987,29 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 10
Мардум
Аҳолӣ (2007) : 244,0 ҳаз. кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбекӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : GI
ISO-намоя : TJ.RR.GI
Пешшумора : +992 3139
Нишонии почта : 737450
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 01РТ

Ноҳияи Ҳисор (порсӣ: ناحیۀ حصار) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 29 январи соли 1932 дар бахше аз вилояти Сталинободи ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ҳисор аст ки 26 км ғарбтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хонақоҳ ва Ҷӯи калони Ҳисор ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Ҳисор бо сарзамине 1982,1 км² дар водии Ҳисор ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Айнии вилояти Суғд, дар ҷануб — бо ноҳияи Рӯдакӣ, дар ғарб — бо ноҳияи Шаҳринав ва дар шарқ — бо ноҳияи Варзоб аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаммарз аст.

Аз шимоли ноҳияи Ҳисор ба ҷануби он рӯди Хонақоҳ мегузарад.


Мардум[вироиш]

Бино бар саршумори соли 2010 аҳолии ноҳия 244,0 ҳаз. тан бошанда доштааст.[1] Мардуми ноҳияи Ҳисор ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ҳисор 1 шаҳрак (Ҳисор) ва 10 ҷамоат дорад[2]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ҳисор
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Ҳисор 20524
Алмосӣ 15029
Деҳқонобод 13698
Дурбат 14136
Карамкӯл 15152
Мирзо Ризо 18538
Навобод 19496
Хонақоҳ 20500
Хонақоҳи Боло 20392
Шарора 8291


Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Ҳисор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ҳисор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Ҳисор ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Таърих[вироиш]

Сарзамине, ки ҳамакнун ноҳияи Ҳисор дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон» (порсӣ: «شومان») ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи «Сумон» (порсӣ: «سومان») низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва бабаро кӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи обаст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр».[3] Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун - Файзобод) воқеъ буд, ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсан ал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст». Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон» (порсӣ: «حصار شادمان») ёд карда ва ғолибан онро ба сурати мухтасар «Ҳисор» (порсӣ: «حصار») ё «Ҳисорак» (порсӣ: «حصارک») навишта ва имрӯз ҳам «Ҳисор» маъруф аст.[4] Шоёни ёдоварист, ки вожаи «ҳисор» арабӣ ва маънояш «диж» ва «қалъа» аст. Қалъае, ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV – XVII м. «Ҳисори Шодмон», яъне «қалъаи Шодмон», номида мешуд. Бар асари касрати талаффуз «Шодмон» аз он афтоду «ҳисор» монд ва исми хос - «Ҳисор» – гашт.

Дар оғози садаи XX ин қалъа тахтгоҳи беки Ҳисор Шоҳимардонқул буд ва дар заминларзаи 8 сентябри соли 1907 вайрон шуд ва аз он танҳо як дарвоза ва ду бурҷ дар миёни ду кӯҳ барҷой монда аст. Пас аз он заминларза Шоҳимардонқул ба қалъаи Душанбе кӯчид ки дар он замон маркази яке аз амлокдориҳояш буд ва аз он пас Душанбе тахтгоҳи беки Ҳисор шуд.

Даврони шуравӣ[вироиш]

Ноҳияи Ҳисор то соли 1920 амлокдории бекигарии Ҳисори Аморати Бухоро, солҳои 1920- 1924 тумани Ҳисори вилояти Душанбеи Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро ном дошт. Солҳои 1924-1927 туманҳои Қаратоғ ва Ҳисор вилояти Ҳисори Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ташкил медоданд. Соли 1929-1930 қисми таркибии ноҳияи Шаҳринави ҳозира округи Ҳисор буд. Солҳои 1932-1939 ноҳияи Ҳисори Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва аз соли 1939 ноҳияи Ҳисори вилояти Сталинободи Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт. Ноҳияи Ҳисор аз давраи таъсисёбиаш то ба ҳоло бо чандин тағйиротҳои ҳудудӣ рӯ ба рӯ шуда, гоҳе марзашро аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атрофаш васеъ намудаанд, замони дигаре аз марзаш он минтақаҳоро боз ба ноҳияҳои ҳамсоя баргардондаанд ё ноҳияи наверо аз ҳисоби як қисм заминҳояш таъсис додаанд. Ба силсилаи ин тағйирот як назари иҷборӣ андозем, мебинем, ки бо қарори Ҳукумати марказии ҷумҳурӣ аз 29 январи соли 1932 аз ҳайати ноҳияи Шаҳринав шӯроҳои ҷамоатҳои Арбобӣ, Бедак, Хонақоҳ, Ноҷӣ ва Ҳисор ва аз ноҳияи Сталинобод ҷамоатҳои Шайнак ва Чоряккорон ҷудо карда, ноҳияи мустақили Ҳисор ташкил дода шуд. Мувофиқи тақсимоти маъмурӣ ноҳияи Ҳисор дар ҷануб бо ноҳияи Лақай – Тоҷик (ҳозира Рӯдакӣ), дар шарқ бо шаҳри Сталинобод (ҳозира Душанбе), дар шимол бо қаторкӯҳҳои Ҳисор, дар ғарб бо ноҳияи Шаҳринав ҳамсарҳад гардид. Дар ноҳия соли таъсисёбӣ 27 ҳазору 147 нафар дар 160 деҳа истиқомат доштанд, ки 71 фоизашро тоҷикон, 25,4 фоизро ӯзбекҳо ва 3,6 фоизро дигар миллатҳо ташкил медоданд. Як деҳаи руснишин – «Благодарное» дар ҷамоати ҳамонвақтаи Ҳисор (ҳоло он минтақа дар ҳудуди ҷамоати Сомон мебошад) мавҷуд буд. Яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия ҷамоати Ҳисор ба шумор мерафт, ки ҳудудаш деҳаҳои зиёде ва аҳолии бисёрро дар бар мегирифт. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷойиз донист, ки аз ҳисоби ин ҷамоати калон як ҷамоати нав таъсис дода шавад. Худи ҳамон сол ҷамоати Қарамқул бо маркази маъмурӣ дар деҳаи Белайдуз ташкил ёфт. Ҷамоати Чоряккорон бошад, боз ба ихтиёри ноҳияи Сталинобод гузашт. Ҳамин тариқ, ҳудуди маъмурии ноҳияи Ҳисор аз 7 шӯрои ҷамоат - Арбобӣ (аҳолиаш 3486 нафар, шумораи деҳаҳо 21, марказаш деҳаи Арбобӣ), Хонақоҳ (аҳолӣ 4800 нафар, шумораи деҳаҳо 29, марказаш деҳаи Хонақоҳи Кӯҳӣ ), Ноҷӣ (аҳолӣ 4430 нафар, шумораи деҳаҳо 15, марказаш деҳаи Тӯда), Ҳисор (аҳолӣ 7236 нафар, шумораи деҳаҳо 22, марказаш деҳаи Ҳисор), Бедак (аҳолӣ 1799 нафар, шумораи деҳаҳо 12, марказаш деҳаи Бедак), Шайнак (аҳолӣ 2257 нафар, шумораи деҳаҳо 15, марказаш деҳаи Шайнак), Қарамқул (аҳолӣ 3139 нафар, шумораи деҳаҳо 20, марказаш деҳаи Белайдуз) иборат шуд. Маркази маъмурии ноҳия дар деҳаи Хонақоҳ, дар стансияи роҳи оҳан буд. 7 марти соли 1933 номи маркази маъмурии ноҳия – деҳаи Хонақоҳ дар асоси қарори КИМ Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба деҳаи (ҳоло шаҳрак)-и Ҳисор иваз гардид. Ноҳияи Ҳисор пеш аз ҷанги ҷаҳонии дуюм 4 нуқтаи телефон, 6 Шӯрои деҳот, 86 колхоз, 1 стансияи барқӣ, 1 стансияи телефон, 37 нуқтаи савдо, 1 ҳаммом, 1 кинотеатр, матбаа, беморхона барои 25 кат, 1 дорухона, 1 ошхона, 45 мактаб доштааст. Дар майдони 4791га пахта кишт мекардаанд. Дар солҳои охири Ҳукумати Шӯравӣ (Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон) дар ноҳия 8 колхоз, 13 совхоз, 1 корхонаи чорвофарбеҳкунии байни хоҷагӣ, корхонаҳои саноатии калони иттиҳодияи истеҳсолии «Гидростройматериалы», корхонаи ғаллақабулкунии ордистеҳсолкунанда, фабрикаи шоҳибофии Шаҳринав, филиалҳои иттиҳодияҳои бофандагию истеҳсолии матоъҳои пахтагин, «Гулдаст», «Чевар», комбинати истеҳсолии нобиноён, заводи маҳсулоти фулузӣ, заводи консервабарории Чиптӯра, комбинати шароббарории иттиҳодияи агросаноатии «Шаҳринав», чандин ташкилотҳои сохтмонӣ, аз қабили ПМК–ҳои 2, 7, 22, 25, 10, муассисаҳои нақлиётии рақамҳои 2 ва 14, шабакаи алоқа дар якҷоягӣ бо почта, чандин муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, комбинати хизмати маишӣ бо сартарошхонаҳо, ателеҳои дӯзандагӣ, сехҳои пойафзолдӯзӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ ва ғайра мавҷуд буданд. [5]

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. |Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷилди I (нашри расмӣ) - Душанбе: "Ирфон", 2012, - с.27
  2. "List of Jamoats". UN Coordination, Tajikistan. Retrieved Jun 14, 2010. 
  3. «Ҳудуд-ул-олам мин-ал-Машриқ илал-Мағриб» (соли 372 хиҷрии қамарӣ = 982 милодӣ). Вироиши доктор Манучеҳр Сутуда. Теҳрон: Китобхонаи Таҳурӣ, Ширкати офсети «Гулшан». 1983 – саҳ. 110
  4. ЛеСтренж, Ги. «Сарзаминҳои Хилофати шарқӣ». Тарҷумаи Маҳмуд Ирфон. Теҳрон: Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб. 1336 ҳ.ш. = 1958 м. – саҳ. 468
  5. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 31-42


Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
Ноҳияи Варзоб · Ноҳияи Ваҳдат · Ноҳияи Нуробод · Ноҳияи Рашт · Ноҳияи Роғун · Ноҳияи Рӯдакӣ · Ноҳияи Тавилдара · Ноҳияи Тоҷикобод · Ноҳияи Турсунзода · Ноҳияи Файзобод · Ноҳияи Ҳисор · Ноҳияи Шаҳринав · Ноҳияи Ҷиргатол