Абдураҳим Ҷӯраев
Абдураҳим Ҷӯраев | |
Таърихи таваллуд | 21 июн 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд |
Фазои илмӣ | олим |
Абдураҳим Ҳоҷиевич Ҷӯраев — номзади илмҳои фалсафа (1990). Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷӯраев Абдураҳим 21 июни 1955 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфт ааст. Ҷӯраев Абдураҳим соли 1979 факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (ДМТ) хатм карда, фаъолияти кории худро дар вазифаи лаборанти факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров оғоз менамояд. Дертар ҳамчун омӯзгори кафедраи фалсафаи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, аспиранти кафедраи фалсафаи ДМТ (1985-89), мудири кафедраи фалсафаи маданият (1991-1999), роҳбари Маркази «Инсоншиносӣ” фаъолият кардааст. Аз соли 2010 дар вазифаи мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, аз июни соли 2012 вазифаи муовинии ректор оид ба корҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро ба уҳда дорад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1990 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Методологические аспекты исследования културы» таҳти роҳбарии доктори илмҳои фалсафа, профессор Приписнов В. И. ҳимоя намуда, номзади илмҳои фалсафа мегардад. Соли 1991 бо ташаббуси ӯ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров кафедраи фалсафаи маданият ташкил гардида, ӯ то соли 1999 вазифаи мудирии ин кафедраро дар уҳда дошт. Кафедраи фалсафаи маданият таҳти роҳбарии ӯ дар тадқиқи масоили назария ва методологияи фарҳангшиносӣ, таҳия ва татбиқи усулҳои дарсдиҳии фанни нави таълимӣ - «Фарҳангшиносӣ» ва дар коркарди роҳҳои ташаккули худшиносии миллии шаҳрвандони Тоҷикистон дар даврони ҳассоси ба даст овардани истиқлоли миллии Тоҷикистон корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Аз соли 1997 то соли 1999 ба кори Барномаи байналхалқии Оғохон «Инсоншиносӣ» чун яке аз муаллифони ин барномаи таълимии навоварона, дар шаҳри Душанбе ҷалб гардида, дар тайёр намудани 8 китоби дарсӣ аз фанни нави «Инсоншиносӣ» иштироки фаъол мекунад. Ҷӯраев А.Ҳ. соли 1999 яке аз марказҳои ин Барномаро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ташкил мекунад ва роҳбари ҳамин Марказ таъйин мешавад. Марказ бо гурӯҳи омӯзгорони эҷодкор дар ислоҳот ва такмили барномаи таълимии фанҳои гуманитарӣ, коркарди усулҳои наву замонавии дарсдиҳӣ, дар созмони робитаҳои байналхалқии донишгоҳ бо донишгоҳҳои пешқадами ҷаҳон (Русия, ИМА, Канада, Ҳиндустон, Покистон) фаъолона иштирок мекунад. Аз моҳи августи 2002 то июли 2003 чун ғолиби Барномаи илмӣ - тадқиқотии Ҳукумати ИМА Фулбрайт дар Донишгоҳи давлатии Орегони ИМА тадқиқот ва фаъолият намуд. Ҷӯраев А.Ҳ. дар чанд конфронсҳои байналмилалӣ иштирок ва бо маърӯзаҳои илмӣ баромад кардааст: Арканзас, Орегон, Чикаго, Мичеган (ИМА), Кашмир, Деҳлӣ, Калкутта (Ҳиндустон), Тошканд (Ӯзбекистон), Алмаато (Қазоқистон) ва ғайраҳо. Соли 2006 ғолиби Барномаи такмили ихтисоси омӯзгорон (JFDP) Ҳукумати ИМА мегардад ва ӯ аз моҳи декабри соли 2006 то моҳи майи соли 2007 дар штати Небраскаи ИМА – Донишгоҳи Небраска – Линколн сафари илмӣ - тадқиқотӣ ва педагогӣ дошт. Қобили қайд аст, ки Ҷӯраев А. бо таклифи Маркази омӯзиши Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи ба номи Ҷавоҳирлол Неру ва Маркази омӯзиши Осиёи Марказии Донишгоҳи Кашмир (Ҳиндустон), моҳҳои октябр ва ноябри 2009, силсилаи лексияҳоро бо забони англисӣ барои аспирантон ва профессорони донишгоҳҳои мазкур хондааст, ки дар онҳо таҳлили амиқи вазъи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Тоҷикистони соҳибистиқлол дода мешаванд. Муаллифи бештар аз 30 асарҳои илмӣ, таълимӣ, илмӣ-оммавӣ ва публисистӣ аст, ки ба масоили назарияи маданият, масъалаҳои методологии тадқиқи падидаи (феномени) маданияти тоҷик, тафаккури танқидӣ ва роҳҳои ташаккули он, ислоҳоти раванди таълими фанҳои гуманитарӣ бахшида шудаанд. Ҷӯраев А. дар доираи такмили ихтисоси омӯзгорони мактаби олӣ на танҳо дар донишгоҳҳои ватанӣ, балки берун аз он, аз ҷумла, дар донишгоҳҳои Ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Қазоқистон доир ба усулҳои нави таълими фанҳои гуманитарӣ чандин семинарҳо гузаронидааст. Фаъолияти ӯ дар соҳаи маориф, ки 35 соли фаъолияти педагогиро дар бармегирад, ба баландбардории сифати таълим дар мактабҳои олӣ равона шудааст.
Дастовардҳои илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мавзӯи баҳс, вазифа ва мақсади фанни муқаддимаи омӯзиши таърихи фалсафии маданияти ҷаҳонӣ ва ватанӣ -Хуҷанд, 1993
- Феномен таджикской истории и культуры: философско-культурологический аспект и его изучения//Материалы международной конференции. «Культура: прошлое, настоящее и будущее». - Худжанд, 1997, с. 22-24.
- Культурология. Краткий курс лекций. Часть 1. Теория культуры (Учебное пособие для студентов), Худжанд, 2000 г. (в соавторстве).
- Реформирование методики преподавания гуманитарных дисциплин.//Ученые записки. Гуманитарные науки, № 9, 2004, Худжанд, 2005, с. 110-119 (на таджикском языке).
- Обучение письменным навыкам как путь освоения и формирования критического мышления студентов. Ученыезаписки. Гуманитарныенауки, № 10, 2005, Худжанд, с 159 –165.
- The Contribution of Academician B. Gafurov to the Establishment of Ties between Scholars of India and Tajikistan. Вкн. Central Asia –India Dialogue: Building a Partnership on the foundation of Reach Cultural and Historical Heritage. Based on Proceeding of International Indology Seminar in Tashkent, March 14-15, 2008/Edited By Dr. Jyotsna Bakshi/Published by Lal Bahodur Shastri Centre for Indian Culture, Tashkent-2008, p. 135-142
- Socio-Cultural Challenges of Tajikistan in the 20th Century/ Вкн.Central Asia in Retrospect and Prospect (edited by Mushtaq A.Kaw with foreword by Gregory Gleason Readworthy. New Delhi-2010, p. 273-280
- National culture in the context of Globalization/ Вкн. Communities, Institutions and “Transition” in Post – 1991 Eurasia (edited by Suchandana Chatterjee, Anita Sengupta- Maulana Abul Kalam Azad Institute of Asian Studies? Kolkata), New Delhi-2011, p. 146-154
- Фалсафаи худшиносии миллӣ. - Хуҷанд, 2015/ - 500 с.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Абдураҳим Ҳоҷиевич Ҷӯраев. 8 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 марти 2016.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 21 июн
- Зодагони соли 1955
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Фалсафашиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
- Зодагони шаҳри Хуҷанд