Абдураҳмон Тошматов
Абдураҳмон Тошматов | |
Таърихи таваллуд | 1947 |
Зодгоҳ | ноҳияи Спитамен |
Пеша(ҳо) | оҳангсоз |
Абдураҳмон Тошматов — композитор, узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (1990), дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ (1999).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1947 дар ноҳияи Спитамен —и вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1964 синфи ғиҷҷаки Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофиз (ҳоло Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз)-ро хатм намуда, соли 1969 таҳсилотро дар Консерваторияи давлатии Тошканд ба номи М.Ашрафӣ ба итмом мерасонад. Дар ин марҳилаи ҳаётии эҷодӣ бо бисёр композиторони тоҷик ҳамкорӣ намуда соҳиби таҷрибаи эҷодӣ мегардад, асосҳои техникаи композиториро меомӯзад. Яке аз аввалин асарҳои ӯ Пийеса барои ғиҷҷак ва фортепиано мебошад. Фаъолияти кории А.Тошматов дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, дар оркестри созҳои халқии Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон оғоз меёбад. Дар ин давра А.Тошматов қариб 30 асар барои оркестри созҳои миллӣ эҷод мекунад, ки бисёре аз онҳо сабт гардида, дар фонди Кумитаи телевизион ва радио маҳфузанд. Соли 1974 А.Тошматов роҳбари бадеии Театри мусиқии ноҳияи Нови вилояти Суғд мегардад. Сурудҳои нави ӯ «Сайри гул», «Нурафшон Тоҷикистон» ва дигарон эҷод мегарданд. Аз соли 1975 то имрӯз фаъолияти омӯзгорӣ ва эҷодии А.Тошматов бо Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз пайваст аст, ки дар он ӯ аз сентябри соли 1991 то соли 1995 ба ҳайси муовини директор оид ба илм кор кардааст. Соли 1990 А.Тошматов узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон мешавад. Самти асосии эҷодиёти А.Тошматов мусиқӣ барои оркестри созҳои миллӣ, асарҳо барои хор, мусиқии камеравии вокалӣ ва созӣ, асарҳо барои бачагон мебошад. Соли 2000 бо Ордени «Дӯстӣ» сазовор гардидааст.
Асарҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Асарҳо барои оркестри созҳои миллӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1987 — «Нозигул», шеъри А.Озод, барои сароянда ва оркестри созҳои халқӣ.
- 1987 — «Комсомол», шеъри Н.Ниёзӣ.
- 1987 — «Ливои Октябр», шеъри Н.Шариф.
- 1987 — «Муаллим», шеъри Б.Раҳимзода.
- 1988 — «Шаҳри ман», шеъри А.Озод, барои сароянда ва оркестри созҳои халқӣ.
- 1990 — «Марҳабо», пийесаи консертӣ.
- 1990 — «Валс».
- 1991 — «Тӯёна», увертюра.
- 1991 — «Завқи дил», увертюра.
- 1992 — Сюита иборат аз 3 қисм.
- 1991 — «Мавҷи Сир», барои рубоб ва оркестри созҳои халқӣ.210 211
- 1992 — «Нолаи най», барои най ва оркестри созҳои халқӣ.
- 2008 — «Достони шарқӣ».
Мусиқӣ барои хор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Меҳри модар», шеъри С.Ҷило.
- «Сулҳ», шеъри Н.Саид.
- «Ворисони номдор», шеъри Н.Ниёзӣ.
- «Чакомаи Истиқлол», шеъри У.Хол.
- «Донишгоҳи мо», шеъри Фарзона.
- «Тоҷикбачаҳо», шеъри С.Ҳакимзода, барои хори a’capella.
- «Гули бодом», шеъри Ш.Қиёмов барои хори a’capella.
- «Ялӣ-ялӣ», шеъри халқӣ, барои хори a’capella.
- «Дарё», шеъри Лоик барои хори a’capella.
- «Тоҷи давлат», шеъри Н.Ниёзӣ.
- «Спитамен», шеъри Н.Ниёзӣ.
- «Муқаддаси Кӯлоб», шеъри Муродӣ.
- «Иди мусиқӣ», шеъри Н.Ниёзӣ барои сароянда ва хор.
- «Сулҳ», шеъри Н.Саид, барои сароянда ва хор.
- «Агар ҳастед», шеъри Н.Назрӣ.
Асарҳои созӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1986 — «Экспромт» барои фортепиано.
- 1986 — «Наво», квартети торӣ.
- 1986 — Соната барои фортепиано.
- 1988 — «Таронаҳои Хуҷанд», достон барои 2 фортепиано.
Сурудҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Дар куҷоӣ?», шеъри О.Аминзода.
- «Пазмонӣ», шеъри Лоик.
- «Тоҷи сари модар», шеъри С.Султон.
- «Ту бовар мекунӣ ё не?», шеъри М.Раҳимӣ.
- «Дила деҳ ба ёраке», шеъри Н.Ниёзӣ.
- «Шаҳри ман», шеъри О.Аминзода.
- «Паймони ошиқ», шеъри С.Маъмур.
- «Ёр, биё», шеъри Н.Ниёзӣ.
- «Марав», шеъри Ҳ.Қурбонова.
- «Ишқи нав», шеъри Лоик.
- «Мулоқот», шеъри А.Озод.
- «Баҳор омад», шеъри М.Турсунзода.
- «Намедонам», шеъри М.Ҳакимова.
- Мусиқӣ ба намоишномаҳои театрӣ:
- «Камоли Хуҷандӣ», пийесаи А.Сидқӣ.
- «Чинори гӯё», пийесаи Ш.Қиёмов.
- «Толмаси доно», пийесаи А.Абдуғаниев.
- «Ҳазрати Хизр», пийесаи С.Ҷило.
- «Гулҳо намемиранд», пийесаи Озарахш.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон. — Душанбе, 2011, — c. 240—243