Ноҳияи Спитаман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Спитамен)
Jump to navigation Jump to search
Ноҳияи Спитаман

40°08′59″ а. шим. 69°22′12″ т. ш.HGЯO

Кишвар
Тобеъи

Вилояти Суғд

Шомили

1 шаҳрак ва 6 ҷамоат

Маркази маъмурӣ

Нов

Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис

29 сентябри 1926

Масоҳат

496,7 км²

Вақти минтақавӣ

UTC+05:00

Аҳолӣ
Аҳолӣ

128 700 [1] нафар нафар (2015)(6-ум ҷой)

Зичӣ

321,7 нафар/км²

Миллият

тоҷикон

Мазҳаб

мусулмонон-суннҳо

Забони расмӣ

тоҷикӣ узбакӣ

Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа

NA

Рамзи ISO 3166-2

TJ.SU.NA

Коди телефон

+992 3441

Нишонаи почта

735800

Домени интернет

tj

Коди мошинҳо

02 TJ

Ноҳияи Спитаман дар харита

Commons-logo.svg Садо, тасвир ва видео дар Викианбор

Ноҳияи Спитаман (форсӣ: ناحیۀ اسپيتمن‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Маркази ин ноҳия шаҳраки Нов (форсӣ: ناو‎). Аҳолӣ:128 700 нафар. Масоҳат:496,7 км² Масофа: 28 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст. Аз Спитамен то Душанбе 294 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Спитаман бо сарзамине 355,7 км² дар водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Масчоҳ, дар шарқ — бо ноҳияи Расулов, дар ғарб — бо ноҳияи Ғончӣ аз ноҳияҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.

Иқлим[вироиш]

Таърих[вироиш]

Ин ноҳия 29 сентябри 1926 чун ноҳияи Нов дар бахше аз округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбакистон таъсис ёфта аст. 10 маи соли 1929, бино бар Қарори III анҷумани Шуроҳои ҶШС Узбакистон округи Хуҷанд ба Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дода шуд ва дар октябри соли 1929 бахше аз Тоҷикистон шуд.

21 ноябри соли 2003 бар асоси Қарори № 460 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ёди Спитаман ноҳияи Спитамен[2] номида шуд.

Спитаман (порсии бостон:Spitamana, юн.-қад. Σπιταμένης, 370 то милод — 328 то милод) сипаҳсолори суғдӣ ва раҳбари шӯриши суғдиён ва балхиён бар Александр дар соли 329 то милод буд.

Мардум[вироиш]

Мардуми ноҳияи Спитамен бо забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Спитаман 128 700 тан ҷамъият дошт ва зичии аҳолияш 321,7 кас дар км² буд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Спитаман 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад[3]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Спитаман[4]
Ҷамоат Аҳолӣ
Нов (шаҳрак) 23 578
Куруш 21 702
Сарбанд 6 442
Турсун Ӯлҷабоев 12 910
Истиқлол 13 879
Тағояк 12 047

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Спитаман Раиси Ҳукумати он аст ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Спитаман Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Спитаман барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисод[вироиш]

Ноҳияи Спитаман 288 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 283 хоҷагии деҳқонӣ, дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 16 425 га, аз ҷумла 15 821 га замини обӣ, аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия пахта, сабзавот, ғалла ва качолу аст[5].

Ҷиҳати рушди соҳаи саноат танҳо дар панҷ соли охир дар ноҳия 15 корхонаи нав ба фаъолият оғоз карда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бамаротиб афзоиш ёфтааст. Яке аз иншооти зикршуда Корхонаи муштараки ҶСП «Норд Азия Металл» мебошад.

Бунёди корхонаи мазкур бо ҳамкории соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин ду сол пеш оғоз ёфта, барои сохтмони он беш аз 23 миллион сомонӣ равона шудааст. Корхонаи «Норд Азия» баъди бо иқтидори истеҳсолии пурра ба кор даромаданаш дар як сол ба маблағи 50 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол менамояд ва 120 нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин месозад.

Фаъолияти корхонаи ҶДММ «Спитамен Ойл» низ оғоз гардид, ки бо иқтидори коркарди 150 тонна ашёи хом дар як шабонарӯз бунёд гардида, равғани растанӣ истеҳсол мекунад. Коргоҳ дар як сол метавонад то 30 ҳазор тонна равғани растании тоза истеҳсол намояд. Илова бар ин, дар корхона дар асоси технологияи замонавӣ хӯроки махсуси ғизоноки паранда истеҳсол мегардад. Дар корхонаи мазкур низ 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд.[6]

Роҳҳои мошингард[вироиш]

Дар ҳудуди ноҳия дар самти азнавсозӣ ва обод кардани роҳҳои мошингард танҳо соли 2015 қариб 100 километр роҳҳои дорои аҳаммияти маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Аз ҷумла, роҳи мошингарди Куруш-Спитамен пурра азнавсозӣ гардида, роҳи Спитамен -шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба масофаи беш аз 50 километр ба маблағи 13 миллион сомонӣ таъмир карда шудааст.

Бо сифати баланд ба истифода додани он имконият фароҳам овард, ки рафтуомади мусофирон ба минтақаҳои дигари кишвар, аз ҷумла барои сокинони ноҳияи Мастчоҳ тавассути ноҳияи Спитамен осон гардида, акнун аҳолии ноҳияи Мастчоҳ барои то пойтахти кишвар расидан 130 километр роҳро камтар тай менамояд.[6]

Маориф ва фарҳанг[вироиш]

Тандурустӣ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]