Jump to content

Абдурраҳими Биҳорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳими Биҳорӣ
Камолиддин Абдурраззоқ ибни Ҷалолиддин Исҳоқи Самарқандӣ
Номи пурра Абдурраҳим ибни Аҳмади Сури Биҳорӣ
Навъи фаъолият: луғатнавис

Абдурраҳими Биҳорӣ— луғатнависи форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдурраҳим ибни Аҳмади Сури Биҳорӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форсизабони Ҳиндустон. Дар музофоти Биҳор умр ба сар бурдааст. ӯ ба воситаи фарҳанги худ «Кашф-ул-луғот ва-л-мусталиҳот» (таълифаш тақрибан 1608), ки баъзан дар маъхазҳо бо унвони «Фарҳанги шайх Абдурраҳими Биҳорӣ» низ ёд шудааст, маъруф гардидааст. Аз маълумоти дар дебочаи «Кашф-ул-луғот…» дарҷгардида бармеояд, ки Абдурраҳими Биҳорӣ тартиб додани фарҳангро барои қонеъ гардонидани талаботи ёрон, бародарон ва фарзандону шогирдон, ки маънои калимоти арабӣ, хусусан истилоҳоти тасаввуфро донистан мехостанд ва пайваста аз ӯ мепурсиданд, оғоз намудааст. Абдурраҳими Биҳорӣ барои анҷоми чунин кор аз 15 фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва 7 фарҳанги арабӣ истифода бурдааст. Дар ин фарҳанг Абдурраҳими Биҳорӣ ба ҳалли мушкилот, маъниҳою матолиби девони ашъори Қосими Анвор кӯшидааст ва зимнан калимаҳову истилоҳоти берун аз ин асарро низ мавриди шарҳу тавзеҳ қарор додааст. Аз асари Абдурраҳими Биҳорӣ фарҳангнависони баъдина чун сарчашмаи муътамад истфода бурдаанд.