Jump to content

Абдурраҳими Кӯлобӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳими Кӯлобӣ
Камолиддин Абдурраззоқ ибни Ҷалолиддин Исҳоқи Самарқандӣ
Тахаллусҳо: Раҳим,Раҳимӣ,Абдурраҳимӣ
Номи пурра Шоҳ Абдурраҳим ибни Сайид Мирзо Муҳаммади Кӯлобӣ
Зодгоҳ: Кулоб
Таърихи даргузашт: 1870(1870)
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ

Шоҳ Абдурраҳим ибни Сайид Мирзо Муҳаммади Кӯлобӣ (? — 1870) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таҳсили улуми мутадовилаи даврашро дар зодгоҳаш — Кӯлоб оғоз карда, сипас барои идомаи таҳсил ба Бухоро рафт. Аз баъзе шеърҳои Абдурраҳими Кӯлобӣ бармеояд, ки ӯ дар ибтидо аз таҳсил ва зиндагӣ дар Бухоро хушнуду ризо будааст. Вале баъдан дурӣ аз зодгоҳу хешу табор, мувофиқи табъ пайдо накардани шуғл ва эҳтиёҷмандию ҳаёти бади моддӣ торафт ба ӯ фишор меоварданд. Ба ин вазъ тоб наоварда ба зодгоҳаш бармегардад. Дар охири умраш ба тасаввуф рӯй овард. Нусхаи дастнависи (аслии) девони ашъори шоир дар Шуъбаи дастхатҳои шарқии Китобхонаи миллии ҶУмҳурии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдурраҳими Кӯлобӣ бо осори бисёре аз саромадони адабиёти форс-тоҷики даврони гузашта ошноӣ доштааст. Дар ғазалҳояш асосан ба Ҳофизи Шерозӣ пайравӣ кардааст. Девони ашъори Абдурраҳими Кӯлобӣ тамоми анвои ашъори лирикии шоир (ғазал, рубоӣ, мухаммас, мусаддас, мусамман, муноҷот) ва «Соқинома»-и ӯро (84 байт) фаро мегирад. Ашъори Абдурраҳими Кӯлобӣ саршор аз афкори шикоятӣ аз мушкилиҳои зиндагӣ, қашшоқию нодорӣ, беинсофию бемурувватии аҳли замон, таассубу авомфиребии баъзе рӯҳониён мебошад. Аз Абдурраҳими Кӯлобӣ маснавие бо номи «Муқатилнома» ба забони туркӣ (ӯзбекӣ) боқӣ мондааст, ки шомили 832 байт аст.

Намунае аз ғазалиёти ӯ:

Мабош зоҳиди зоҳирпарасту ошиқ бош!

Чӣ қавлу феъл, ки дорӣ, биёву содиқ бош!

Ба ҳар кӣ аҳд намоӣ, макун нифоқ ба дил,

Саре матоб зи қавлаш, ба ӯ мувофиқ бош!

Ба ростӣ бинамо хӯ, қабули ҷумла шавӣ,

Ба содиқон бинишин, душмани мунофиқ бош!

Зи хулқи хуш, раҳи таслиму аҷзу хушхӯӣ

Қабули хотири шоиста бошу лоиқ бош!…