Абдурраҳмонбегӣ
Зоҳир
«Абдурраҳмонбегӣ» — таронае, ки оҳанги онро ҳофиз ва оҳангсози номӣ Абдурраҳмонбег (асри 19) эҷод кардааст. Ин тарона дар асоси қисматҳои таронавии мақоми «Наво» таълиф шудааст. Чунин «Абдурраҳмонбегӣ»-ҳо маъруфанд; «Абдурраҳмонбег»-и 1 ва 2. Ин ду асар дар асоси зарбу навоҳои оҳанги «Савти сарвиноз» тасниф шудаанд. Уфари «Абдурраҳмонбег»- и 2 ба зарбу усули «Соқиномаи савти сарвиноз» наздик аст. «Абдурраҳмонбег» чун яке аз усулҳои таронавии мақомҳо дар қисмати «Муғулча»-ҳо низ вомехӯрад. Чанд шакли дигари «Абдурраҳмонбег» низ маълум аст. Яке аз шаклҳои хуби онро Ҳоҷӣ Абдулазиз месуруд
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдурраҳмонбегӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.