Jump to content

Абдурраҳмон Бараки Муншӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳмон Бараки Муншӣ
Абузайди Кошонӣ
Навъи фаъолият: хаттот, хушнавис

Абдурраҳмон Бараки Муншӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот, хушнавис форс-тоҷик (асри 15).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аслан аз Бухорост. Асарҳои бисёреро китобату хаттотӣ намудааст. Соли 1464 бо супориши амир Субҳонқулихон «Баҳр-ул-хавос» ном асари Неъматуллоҳ Ҳокими Кирмониро бо хати хоною зебо китобат кардааст. Мутаассифона, асар аз рӯи нусхаи асл китобат нашуда, баъд тавассути ҳакимони нуқтадон Ҳоҷӣ Амин, Охунд Муллоғафур, Хоҷа Яъқуби Китобдор ва Мир Муҳаммади Муншӣ зимни нусхаи асл ислоҳ гардида, ки дар натиҷа ҳусни хати Абдурраҳмон қадре коҳидааст. Бо вуҷуди ин асар қимати худро гум накарда, дар хушхатӣ назир надорад. Дигар намунаҳои осораш то имрӯз маҳфуз намондаанд.