Jump to content

Абдурраҳмон Ӯротеппаӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳмон Ӯротеппаӣ
Навъи фаъолият: хаттот,хушнавис

Абдурраҳмон Ӯротеппаӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хаттот, хушнавис форс-тоҷик (нимаи дуюми садаи XIX).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар гузари Чармгари ӯротеппа дар оилаи Муҳаммадбой ном шахси олиму фозил ба дунё омад. Баъди дар зодгоҳаш соҳиби маълумоти ибтидоӣ гардидан, барои такмили дониш ба мадрасаи Кӯкалтоши Бухоро меравад. Дар мадраса Абдурраҳмони ӯротеппаӣ дар баробари омӯзиши илмҳои замон навиштани хатҳои кӯфӣ, риқоъ, сулс, райҳон, насх ва настаълиқро ҳамроҳи шарикдарсу ҳамдиёраш Миряқуби хаттот машқ мекард. Сипас дар андак муддат Абдурраҳмони ӯротеппаӣ дар хаттотӣ шуҳрат ёфта, қитъаҳои ҷудогона ва асарҳои мукаммалро китобат менамуд. Хусусан, девони Мавлоно Шоҳмуҳаммад Саломатуллоҳи Кашфии Минавиро хеле зебову хоно китобат кардааст. Ин китоб дар китобхонаи шахсии Файзуллоев Б. маҳфуз аст.