Абдусалом Воҳидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдусалом Воҳидов

Абдусалом Воҳидов (тав. 14 апрели 1954, Конибодом) — духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб (1996).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи педиатрии Институти давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1977). Духтури шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии ноҳияи Конибодом (1977-80), ординатори клиникӣ (1980-82) ва аспиранти Пажӯҳишгоҳи педиатрии АИ Тиббии ИҶШС (1982-85), мудири шуъбаи физиология ва бемориҳои навзодони Пажӯҳишгоҳи ҳифзи модар ва кӯдаки шаҳри Душанбе (1985-87), ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекологияи ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино (1987-93), мудири кафедраи неонатологияи Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1993-98), сардори Раёсати ташкили ёрии тиббӣ ба модарон ва кӯдакони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998—2002), ҳамоҳангсози лоиҳаи Фонди ҷопонии камбизоатӣ «Беҳтар намудани ғизои модарон ва кӯдакони оилаҳои камбизоат» (2001-07). Аз соли 2008 мушовири миллӣ оид ба масоили таваллуди бехатар ва нигоҳубини навзодони ЮНИСЕФ. Сарнеонатологи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2005).

Пажӯҳиш ва таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Доир ба асари бемориҳои мағзи сар ба савияи нуклеитидҳои сиклӣ дар кӯдакони норасида ва роҳҳои кам кардани бемориҳое, ки ҳангоми зодан рух менамоянд, таҳқиқот анҷом додааст. Зиёда аз 80 таълифоти илмӣ дорад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Устойчивая фортификация пищевых продуктов. Алмаата, 2007;
  • Охрана здоровья матери и ребёнка. Аналитический сборник. Д., 2008;
  • Клинические протоколы по неонатологии. Д., 2008; Вскармливание детей раннего возраста. Д., 2008.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]