Абдусалом Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдусалом Раҳимов
Навъи фаъолият:

ҳунарпешаи синамо

Санаи таваллуд:

9 ноябр 1917(1917-11-09)

Зодгоҳ:

Хуҷанд

Санаи марг:

5 январ 1999(1999-01-05) (81 сол)

Абдусалом Раҳимов (9 ноябри 1917, Хуҷанд — 5 январи 1999) — ҳунарпеша ва коргардони синамо. Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1945). Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1962)[1].

Зиндагинома[вироиш]

Курсҳои ҳунарпешагии назди киностудияи Сталинобод (1936), факултети ҳунарпешагии ГИТИС (1941) ва факултети таъриху фалсафаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст[2].

Ҷоизаҳо[вироиш]

Бо орденҳои «Байрақи Сурхи Меҳнат» (1949), «Нишони Фахрӣ» (1957), «Дӯстии халқҳо» (1977), медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945» (1945), панҷ ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Ӯзбакистон (1955). Пешоҳанги синемогарони ИҶШС[2].

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Рахимов Абдусалом Рахимович — Мегаэнциклопедия Кирилла и Мефодия — статья(рус.). Энциклопедия Кирилла и Мефодия. 26 октябри 2017 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Абдусалом Рахимов. Кино-Театр.РУ. 26 октябри 2017 санҷида шуд.