Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абдусалом Қурбониён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абдусалом Қурбонов)
Абдусалом Қурбониён
2013 — 2018

Таваллуд 9 феврал 1959(1959-02-09)
Даргузашт 20 июл 2021(2021-07-20) (62 сол)

Абдусалом Қурбониён (Қурбонов Абдусалом Каримович; 9 феврал 1959, ноҳияи Данғара20 июл 2021) — давлатмарди тоҷик, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2013—2018).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдусалом Қурбонов 9 феврали соли 1959 дар ноҳияи Данғара дар хонадони тоҷик ба дунё омадааст. Дар соли 1982 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ ва дар соли 1999 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хидмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси молия, андоз ва қарз хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 1976 ба сифати ташкилотчии идораи коммуналии ноҳияи Данғара оғоз намуда, баъди хатми Донишкадаи политехникии Тоҷикистон солҳои 1982—1984 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Шуравӣ хидмат кардааст.

Солҳои 1984—1986 дар вазифаҳои челонгар, муҳандис, устои колоннаи сайёри механиконидашудаи № 38 ноҳияи Данғара, сипас солҳои 1986—1995 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ оид ба масъалаҳои истеҳсолию иқтисодӣ дар сохторҳои дирексияи сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии об дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе, солҳои 1995—2006 дар вазифаҳои нозири калон, муовини сардор, сардори нозироти андози ноҳияи Данғара ва дар солҳои 2006—2013 директори Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Аз 29 ноябри соли 2013 то 19 январи соли 2018 Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин буд.[1][2]

Ҷоизаву орденҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои фаъолияти кориаш бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 сарфароз гардидааст.

Абдусалом Қурбониён 21 июли соли 2021 дар синни 62 солагӣ даргузашт.[3]