Jump to content

Абдуссаъиди Ёркасӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуссаъиди Ёркасӣ
Иттилооти инфиродӣ
Таърихи даргузашт: 1133
Вироиши Викидода

Ёркасӣ, Абулмузаффар Абдуссаъид ибни Абдуссалом ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Кундур (дарг. 1133) — ровии ҳадис ва қории Қуръон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввал як муддат сокини Самарқанд буд, сипас чанд сол дар Кошғар зист ва баъдан соли 1126 ба Самарқанд баргашт. Ёркасӣ дар Кошғар аз шайхаш Абуалӣ Абдуллоҳ ибни Абдурраҳмон ал-Банокатӣ истимоъи ҳадис карда, аз тариқи ӯ ҳадис ривоят намудааст.