Абдуфаттоҳ Азизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абдуфаттоҳ Азизов
Абдуфаттоҳ Ҳалимович Азизов
Noimage.gif
Санаи таваллуд:

1 май и, 1949

Зодгоҳ:

ноҳияи Ғафуров Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

олим

Абдуфаттоҳ Азизов (01.05.1949, д. Шайхбурхони ноҳияи Ғафуров ) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (1996), профессор (1997). Аълочии маорифи халқи ҶТ (2000). Профессори фахрии Пажуҳишгоҳи иқтисодии Вазорати кишоварзии Чехия, профессори фахрии Донишкадаи забонхои хориҷии музофоти Нинсяни ЧХЧ.[1]

Зиндагинома[вироиш]

Абдуфаттоҳ Азизов факултаи физикаю математикаи ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1971). Муҳаққиқ-коромузи Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти АИ ҶШС Тоҷикистон (1971-1973), аспиранти Пажуҳишгоҳи марказии иқтисодиёту математикаи АИ ИҶШС (1974-1977), сармуаллим, дотсенти кафедраи иқтисоди сиёсии ДДОЛ (1978-1980), директори корхонаи илмӣ-истехсолии ба номи профессор Ф.Х.Азизови Вазорати кишоварзии ҶТ (аз с.1980), хамзамон дотсент, профессори кафедраи назарияи иқтисодии факултаи кибернетикаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз с.1997). Тадқиқоташ ба масъалахои идораи истехсолоти саноати, арзёбии самарабахшии иқтисоди низоми автоматонидаи идора, консепсияи тахия ва такмили идораи истехсолоти кишоварзи, ки ба автоматонии кабули карорхои идоракуни асос ёфтааст, бахшида шудаанд. Муаллифи беш аз 100 асари илмӣ, аз чумла 8 монография мебошад, ки дар Русия, Чехия, Словакия, ЧХЧ ба табъ расидаанд. Иштироккунандаи конфронсхои байналхалқи дар Прага (1987, 1989), Рига (1988) аст.

Осор[вироиш]

  • Проблемы комплексной автоматизации управления агропромышленным производством региона. - Прага, 1990;
  • Словарь-справочник терминов рыночной экономики. - М., 1992;
  • Системный анализ и автоматизация управления в условиях рыночной экономики. - Д.: Шарки озод, 1994;
  • Словарь-справочник терминов рыночной экономики (с эквивалентами на английском языке). - Прага, 1994;
  • Методология принятия управленческих решений в условиях рыночной экономики. - Худжанд: Ношир, 2000;
  • Фискальная политика в структуре общественных экономических отношений. - Худжанд, 2003; Словарь-справочник бюджетно-налоговых терминов (с английскими эквивалентами). - М., 2004;

Сарчашма[вироиш]

  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html

Пайвандхои беруна[вироиш]