Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абдухалил Ғафурзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдухалил Ғафурзода
Ғафурзода Абдухалил Давлатали
Таърихи таваллуд 9 июн 1977(1977-06-09) (48 сол)
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҳуқуқшиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Абдухалил Давлаталӣ Ғафурзода (9 июни соли 1977, ноҳияи Фархор, Ҷумҳурии Тоҷикистон) – олим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор. Аз соли 2024 муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва техника барои олимони ҷавон (2007), дорандаи Медали Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори мушовараи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 ноябри соли 2013), Медали «90-солагии мақомоти судӣ ва адлия» (2014); Медали «Хидмати шоиста» (Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07.08.2018 № 1080), Медали “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” (фармони Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин аз 13 июли соли 2019), Медали "20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай" (Қарори тасдикшудаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Nº13 дар соли 2021), Медали Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №10-у дар соли 2022), Медали "30-солагии Ассамблеяи байнипарлумони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" (Қарори Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумони ИДМ В.И. Матвиенко №554 аз 16 ноябри соли 2023), Медали Аълочии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон (фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 майи соли 2024)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ 9 июни соли 1977 дар ноҳияи Фархор таваллуд ёфта, соли 1997 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Соли 2004 рисолаи номзадӣ дар мавзуи "Танзими ҳуқуқии тартиби ҳисоббаробаркунӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ" ва соли 2015 рисолаи доктории худро дар мавзуи "Ташаккул ва рушди ҳуқуқи молиявии давлатҳои рушдёбанда (дар мисоли Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон)" бо муваффақият ҳимоя намуда, соҳиби унвони доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ гардид.

Фаъолияти корӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Солҳои 1993-1998 – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 1998-2000 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2000-2003 – аспиранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2003-2007 – муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007-2009 – муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009-2012 – докторанти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2012-2015 – мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2015-2019 – директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 2019- 2024 – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[1][2]
  • Аз 29 январи соли 2024 то ҳол – Муовини Котиби генералии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил - Намояндаи ваколатдори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Самти фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ; ҳуқуқи молия; ҳуқуқи андоз. Муаллифи 15 китоби дарсӣ, зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ, барномаҳои таълимӣ, тафсири қонунҳо ва 5 монография.[3]

Мукофот ва ҷоизаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва технология барои олимони ҷавон (2007);
  • Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бо Қарори мушовараи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 ноябри соли 2013;[4][5]
  • Медали 90-солагии мақомоти судӣ ва адлия (2014);
  • Медали «Хидмати шоиста» - Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07.08.2018 № 1080;
  • Медали “75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” - Бо Фармони Президенти Федератсияи Россия В.В. Путин аз 13 июли соли 2019;
  • Медали "20-солагии Созмони Ҳамкории Шанхай" - Бо Қарори тасдикшудаи Шурои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай Nº13 дар соли 2021;
  • Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2022) - Бо Фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон №10-у дар соли 2022;
  • Медали "30-солагии Ассамблеяи байнипарлумони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" - Бо Қарори Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумони ИДМ В.И. Матвиенко №554 аз 16 ноябри соли 2023;
  • Медали Аълочии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон (2024) - Бо Фармоиши Вазири меҳнат,муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 майи соли 2024.