Абдуқаҳҳор Боқиев
Зоҳир
Абдуқаҳҳор Боқиев (1895, Хуҷанд — 1940, Ленинобод) — ширкатдори фаъоли барпокунии ҳокимияти Шӯравӣ дар Туркистон ва Хуҷанд. Узви ҳизби коммунистӣ аз соли 1928.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуқаҳҳор Боқиев яке аз нахустин касонест, ки соли 1917 ихтиёран ба сафи Гвардияи Сурхи Хуҷанд дохил шуд. Солҳои 1918—1919 ҷанговари отряди ихтиёрии Туркистон дар Самарқанд буд ва барои саркӯб намудани ошӯби дастаҳои Осипов (1918) ширкат варзидааст. Солҳои 1919—1932 сарбози отряди савораи милитсияи Хуҷанд ва милитсионери дастаи Милитсияи Сурх. Соли 1931 дар торумор ва саркӯб намудани дастаҳои босмачиёни Бобоҳоҷӣ ва Бегиш дар музофоти Ашт корнамоиҳо кардааст. Раиси колхози ба номи Шадунс дар ноҳияи Хуҷанд (1939-40). Бо Ордени Сурхи Меҳнати РСС Узбакистон (1925) қадрдонӣ шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқиев Абдуқаҳҳор // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.